Formula july 2024
Пойдомани ҷинс дар мӯди имрӯз
1064

Мӯд ҳамеша тағйирёбанда аст ва он чизе, ки дар фаслҳои гузашта муҳим буд, метавонад оҳиста-оҳиста аз мӯд биравад. Аммо баъзе чизҳое ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ аз мӯд намебароянд. Яке аз чунин либосҳо пойдоманҳои ҷинси занона мебошад.

Имрӯз пойдоманҳои ҷинсро занону духтарон натанҳо дар кор, балки дар ҷашну маросимҳо, мулоқоти ошиқона ва сайругашту пикник низ ба бар мекунанд.

Маҳсулоти ҷинс ҳоло ҳам дар мӯд аст. Навъ ва рангҳои гуногуни ҷинс мавҷуданд, ки ба ҳусни занону духтарон ҳусни дигар зам мекунанд, масалан кабуди осмонӣ, кабуди баланд, сиёҳ, сафед, хокистаранг...

Доманҳои ҷинс услубу намудҳои мухталиф доранд - тугмадор, бетугма, кисадор, бекиса, дӯхташон росту кушод ё мавзуну ҷаззоб.

Бартарии домани ҷинс дар он аст, ки онро бо дилхоҳ курта пӯшида мешавад. Фарқ надорад, ки куртаи шумо классикӣ аст ё замонавӣ, аз матоъи лас дӯхта шудааст ё шафоф. Домани ҷинсро ҳатто бо свитер ва куртаҳои расмӣ пӯшида мешавад.

Умуман, бо ҳама гуна курта домани ҷинс зебанда ва дар тани занон хеле зебою диққатҷалбкунанда ба назар мерасад.

Муҳим он аст, ки услуби дурустро мувофиқи намуди баданатон интихоб кунед. Домани ҷинсро вобаста ба обу ҳаво бо ягон куртаи сабуки тобистона пӯшед, баданатон роҳат мекунад.

Аммо чунин доманро бо пойафзоли баланд пӯшидан хуб нест. Кӯшиш кунед, ки пойафзоли паст пӯшед, чунки барои роҳгардӣ қулай ва зебанда аст.

Доманҳои ҷинсро натанҳо духтарон, балки занони калонсол низ пӯшида метавонанд. Ба духтарон пӯшидани пойдоманҳои ранги кабуди паст доштаро тавсия медиҳем. Ба хонумҳои калонсол домани ҷинси рангаш баланд мезебад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД