Arzon march 2024
Тамоюли мӯд дар баҳори соли 2025
23.03.2025
Oila.tj
316

Фасли баҳор бо шукуфоии табиату гулрезии дарахтон ва нурафкании офтоби дурахшон на танҳо заминро бедор месозад, инчунин ба дилҳо фараҳ оварда, ҷисми инсон низ ба шукуфоиҳо майл мекунад. Дил мехоҳад гулафшонӣ кунад, либосҳои фохиру гулдор ба бар намояду ба бинанда фараҳмандӣ бахшояд.

Бо фаро расидани фасли баҳор ҳамаи мо мехоҳем гардероби худро нав кунем, матоъҳои нав харид карда, пероҳани нав бидӯзонем, ва пероҳанҳои муди нав дастрас намоем. Маҳз фасли баҳор бонувон рӯ ба сӯйи бозору мағозаву интернет-мағзаҳо меоранд. Ҳамагӣ бо нав кардани либосаҳои худ интизори хушбахтӣ, интизори ҳаёти нав мешаванд.

Баҳори имсол низ, сар карда аз минбарҳои муди ҷаҳонӣ то ба бозору мағозаҳо зуҳуроти нави мудро пешкаш карда, барои бонувон либосаву маҳсулоти ороишии ҷадидро ба фурӯш мебароранд. Барои дар ин рангорангиву гулҳои алвони пешниҳодшуда хариди ноҷо, ё зиёдатӣ накардан, мотасмим гирифтаем чанд маслиҳат барои интихоби пероҳанҳои муд ба шумо тавсия диҳем, то аз зуҳуроти наву имсолаи муд хабардор созем.

Рангҳои актуалӣ барои баҳори 2025

Айни замон, барои фасли баҳор тарроҳони ҷаҳонӣ гаммаи соярангҳои бунафшу майгунро (бордово-фиолетовый) дар интихоби либос маслиҳат медиҳанд. Вале ҳамоно рангҳои сафеду сиёҳ чун ҳамеша дар муд буда, ранги металик низ, аз нав эҳё гаштааст. Аз ҳама ранги аҳамиятнок дар олами мӯд ва баҳори нав, ҳоло ранги зарди офтобии рӯшан мебошад, ки тобистон ҳам боқӣ мемонад.

Зарди офтобӣ

Зарди баланд бо офтоб рабт дошта, пурра либоси зарди офтобиро на ҳама бонувон пӯшидани онро ҷуръат мекунанд. Аммо пероҳани зард, сумкаи зард, плаши зард бо рӯймоли зард дар байни анбуҳи мардумони либоси тираву пастранг хеле зебову равшан ва ҷаззоб менамояд, ва шумо ҳатман дар маркази диққати аҳли ҷомеа мегардед.

Агар ҷуръати пӯшидани пурра либоси зард надошта бошед, ё ба сабку услуби либоспӯшии шумо ҷавобгӯ набошад, ягон ашёи либосатонро аз зард интихоб кунед. Ин ранг ҳатмат ба ҳусни шумо тароват мебахшад.

Сояранги бунафш

Асрҳои пеш ранги бунафшро бештар ашрофзодагону аҳли оилаи шоҳон ба бар мекарданд. Ҳоло бошад, ин ранг дастраси омма гардида, ҳатто дар либоси коргоҳу корхона ворид шудааст. Агар шумо аз ранги маъмулии қаймоқиву қаҳваранг дилгир шуда бошед, метавонед рангу соярангҳои бунафширо интихоб намоед. Ин ранг бештар бонувону духтарони сафедпӯсту қошу чашми сиёҳдоштаро зеб медиҳад.

Ба соярангҳои бунафш рангҳои тавъамро хеле осон метавон интихоб кард. Ранги бунафш бо ранги сиёҳ, сабз,зард, рангҳои гулобиву обӣ хеле зебо мувофиқат мекунад. Бо ранги қаймоқӣ, сафед ва ширӣ бунфаш хеле тароватбахш тобида, ба кас навои баҳориву идона бахшида,ҷавонтар менамоёнад.

Маҷента – бунафши арғувонӣ

Ранги маҷента хеле баланду назаррас аст. Ин ранг бештар дар пероҳанҳои миллӣ зебанда бошанд ҳам, дар либоси аврупоӣ низ, ҷойи худро дорад. Масалан, дар доманҳои тахдор, яъне плисси, ки бо рангҳои алвон ранги маҷента ба шакли доғмонӣ бошад, бо кофтаву жакет ва болотанаи якранг хеле зебову шинам метобад.

Агар шумо бештар либоси аврупоӣ ба бар кунед, нимкурта – топи ранги баланди маҷента, яъне бунафши арғувонӣ дошта, бо шим, ёдоману жакети сиёҳ, зард, фирӯза, зарди лимонӣ, бунафш, зумуррадӣ, сурх, ё беж, ё ин ки ҷомаи сабуки ҳамин гуна рангҳои сиёҳ, зард, ва беж пӯшед, хеле зебанда ва тавъам мебошад.  

Металлик

Металлик охири солҳои 2010 ба мӯд ворид шуда бошад ҳам, зуд аз байн рафт, аммо топи металик, сумка, ва ё туфлииметалик то ҳол аз муд нарафтааст, ва ба либосҳои шумо навгонӣ, дурахшонӣ ва намуди идона мебахшад. Ранги металикро дар либос на танҳо дар тӯю маъракаву чорабинӣ, балки дар рӯзҳои оддӣ низ, пӯшидан имкон дорад. Масалан, ранги металикро бо рангҳои хокистарранги сафед метавонед истифода баред.  

Агар хоҳед, ки куртаи металики шумо аз ҳад зиёд идона натобад, онро бо кардигани бофта, ё пиджаки сиёҳ пӯшед, он ба шумо хеле зебанда, ва намуди фохир мебахшад.

Чармина

Либосаи чармӣ солиёни зиёд дар гардероби мардум ҷойи намоенро ишғол кардааст. Солҳои охир плашу нимтанаҳое, ки аз чарму ҷилд –замша аз мӯд рафта буд, аммо ду – се солиохир аз нав муд шуд. Нафароне, ки пурра ранги сиёҳ пӯшиданро дӯст медоранд, агар дар либосашон як ҷузъи онро аз чармкунанд, хеле ҷолиб мешавад. Масалан, агар доман, ё курткаи чармии сиёҳро бо дигар матоъҳо якҷоя пӯшед, ҷаззоб ва писанд меояд. Дар чунин интихоби либосҳоороишоти зиёдатӣ нолозим меояд, зеро ин намуд худ пурра ва дилкаш аст.

Нимтанаву камзӯлчаҳои чармии рангҳои металики хокӣ, металики сабзтоб, бунафштоб айнизамон интихоби бонувони муд ва шикпӯш гаштааст. Он ҳам бо либоси аврупоӣ ва ҳам бо либоси миллӣ зебанда ва хушнамуд аст.

Турӣ

Тур, ё ба русӣ кружева ҷузъи таркибии пӯшокаи романтикӣ, ва услуби бохо, яъне либоси навои миллӣ дошта ва гулкориву турдор мебошад. Аммо солҳои охир он тадриҷан ба сабки кежуал, яъне либоси ҳамарӯзаи қуллай ҷиддат ворид шуда истодааст. Либоси туриро ба гардероб даровардан кори начандон саҳл мебошад, зеро шумо наметавонед ҳама либосатонро аз тур дӯхта, ва ё харида бошед. Либоси туриро бояд бо нозукии ба он хос интихоб ва истифодабаред. Агар шумо ягон ҷузъи либосатонро турӣ кунед, мисол домани дарози турии сиёҳро бо блузаи помбарх, шоҳии якранг, ва ё пахтагии сиёҳ пӯшед, хеле шинам ваидона менамояд, ки шумо метавонед бо зару зевари нуқра пӯшед. Бо чунин ороиш ба ягон чорабинии идона, ё шабнишинӣ рафтан мувофиқ аст.

Матоъҳои ҳарир

Матоъҳои ҳарирро одатан дар идучорабиниҳо мепӯшанд. Дар мавсими имсола тарроҳон тавсия медиҳанд, ки плашҳои сабуки баҳорӣ, блузкаҳо ва топҳоро аз ҳарир пӯшидан имкон дорад. Либосҳои ҳарирро аз ҳама бештар дар куртаҳои миллӣ истифода бурдан зебанда ва фохир менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД