Christian Dior – тараннумгари бонувон
Таърихи Хонаи мӯди Кристиан Диор аз соли 1946, дар иморатаки хурди кӯчаи Монтени Париж, он ҷое, ки тарроҳи ҷавони пур аз неруву шуру шавқ – Кристиан Диор нахустин ателеи худро кушода буд, оғоз мегардад. Худи ҳамин ҷо, феврали соли 1947 ӯ ба ҷомеаи мудпӯш маҷмуаи машҳури худ – Ню Лук (New Look) доманҳои фохири пар-парӣ бо камардбандҳои миёнборикро пешкаш карда буд. Суроби нав дар либоспӯшии зоҳидонаи замонаи баъдиҷангӣ як инқилобе буд. “Ман зани гул офаридам”,- мегуфт тарроҳ.
Диор ба занон майлу рағбати писанд шудан, ҷалб кардан ба зебоиро аз нав бедор кард. Мунаққидон ӯро барои аз ҳад зиёд истифода кардани матоъҳо сарзаниш мекарданд (ба илҳомбахшандаи тарроҳ ва мизоҷи дӯстдоштаи ӯ – хоҳари Шаҳбонуи Британия Елизаветтаи 2 - Маргарет пӯшидани пероҳанҳои Диор манъ карда шуда буд). Аммо норизоиятҳо ба вусъат додани империяи мӯди ӯ монеа шуда натавонистанд. Соли 1948 бутики Хонаи мӯди Диор дар Ню Йорк кушода шуда, соле пас Кристиан Диор бо номи худ барои истеҳсоли лавозимоти ороишӣ – аксессуарҳо, пашмина ва сумкаҳояш Иҷозатнома гирифт.
Қобили зикр аст, ки тӯли фаъолияти касбиаш дар Хонаи мӯд худи Диор танҳо коргари оддӣ буду бренди ӯ де-юре, яъне қонунӣ ба сармоягузор Марсел Буссак тааллуқ дошт.
Соли 1957 Кристиан Диор ғайри чашмдошти ҳама фавтид ва инони ихтиёр ба ёрдамчии собиқи ӯ – Ив Сен-Лоран гузашт, ки ӯро тарроҳи замонавии ҷавонтарин дар ҷаҳон гардонд, зеро ӯ он замон ҳамагӣ 21 сол дошт.
Роҳбари эҷодии нави Christian Dior
Дар маҷмуаи якуми мавсими баҳору тобистони 1958, таҳти унвони “Трапесияҳо” – Шеби мунҳариф, тарроҳ каме либосҳои камартангро кушодтар кард, ки дар замони Кристиан Диор роиҷ буд ва куллан суроби нави шакли трапесиядор – шеби мунҳарифро пешниҳоди ҳаводорони мӯд намуд. Инро худи Ив Сен-Лоран чунин шарҳ дод: “Ман шаклҳоро ба фоидаи услуб фаромӯш кардам”.
Ҳангоме Ив Сен-Лоранро соли 1960 ба хизмати ҳарбӣ даъват карданд, ба ҷойи ӯ Марк Боан таъйин карда шуд. Роҳбарии Хонаи мӯдро 30 сол идома дода (то соли 1989), тарроҳи фаронсавӣ маҷмуаи Слим Лук (Slim Look), яъне шакли бештар нозуку маҳини созгор ба суроби қонунии Dior-ро офарид. Бо шарофати ин ба доираи мизоҷони машҳури Хонаи мӯд шаҳбонуи Монако Грейс Келли, Софи Лорен ва Марлен Дитрих шомил шуданд.
Боиси таассуф аст, ки мароқу шавқи ҷомеа ба нуқтаи назари Боан тадриҷан кам гашта, соҳиби Christian Dior Бернар Арно қарор дод директори эҷодии Хонаи мӯдро иваз кунад. Ҷойгузини Боан ҷавони итолиёвӣ – Жанфранко Ферре – нахустин тарроҳи хориҷӣ буд, ки ба кор ба Christian Dior даъват шуд.
Жанфранко Ферре – тарроҳ аз Италия
Кристиан Диорро аз нав ҷорӣ кард, ӯ дар маҷмуаҳои либосҳо ба истифодаи суроби қишрдор такя карда, ороиши нафиси шики фаронсавиро роиҷ намуд. Албатта, ин маҷмуаи либосҳо аз ҷониби ҷомеаи мӯдпӯш бо тантана қабул гардид. Солҳои баъдина Жанфранкоро барои дӯст доштани сабки меъморӣ дар либос “Френк Ллойд Райт дар олами мӯд”, ки меъмор ва тарроҳи имороти машҳури амрикоӣ буд, ном ниҳоданд.
Ғалабаи Ферре на он қадар дароз давом кард, ӯ соли 1996 аз олам чашм пӯшид.
Ҷон Галияно –давраи сабки авангардӣ дар Диор
Вазифаи директори эҷодиро исёнгари зиёдарав – Ҷон Галияно гирифт. Маҳз бо дасти сабуки ӯ дар рамзҳои услубии Christian Dior авангард, ороишоти маънодор ва театрикунонии барҷаста ворид карда шуд. Галияно панҷ сол роҳбарӣ кард, то он даме, ки ба машрубот ва маводи мухаддар майлу рағбат накарда буд. Барои баъзе амалҳои дағалонааш ӯро роҳбарият аз кор хориҷ карданд.
Баъди Галияно раванди эҷодиро муваққатан ёвари ӯ Билл Геётен идора мекард, то замоне, ки соли 2021 ба саҳнаи мӯд тарроҳи белгиягӣ Раф Симонс ворид нагашт.
Минимализм ва “гулҳо” дар Диор
Солики равияи камравӣ – минимализм, Симонс ба таври худ хазинаи брендро хонда баромад: ӯ ҳама чизро яктарафа карда, ҳамон ҳандасаи шакли занона, ки дар вақташ ҳамаро мафтун сохта буд, яъне чизи асосиро қайд мекард, рӯ занонд. Тарроҳ жакети машҳури Хонаи мӯд -Бар (Bar)-ро аз нав дида баромада, онро ба шакли смокинг - пероҳан пешниҳод карда, маснуъоти инноватсиониро (ботфортҳои латексии машҳури Диор) илова намуда, ба шаклу суратҳои футуристӣ истиораҳои (метафора) сифати бренд – гулҳои Christian Dior- ро илова кард.
Бархе ӯро маҳкум мекарданд, бархе ба ваҷд омада буданд, аммо аниқ гуфта мешуд, ки дар се соли фаъолияти эҷодӣ дар Christian Dior корҳои ӯ ба таърии Хонаи мӯди мазкур даромада буданд. Вай брендро бо сабабҳои шахсӣ тарк карда, маҷмуаи ниҳоии баҳору тирамоҳи 2016-ро дар Лувр пешниҳод намуд.
Сабки феминистӣ дар Диор бо Мария Грасия Кюрӣ
Моҳи июли соли 2016 хонуми итоилёвӣ Мария Грасия Кюрӣ омад. Ӯ нахустзанест, ки директори эҷодии Dior таъйин гардида буд. Бо омадани Кюрӣ сарлавҳаи нави таърихи Хонаи мӯди Диор оғоз гардид. Дар эҷодиёти худ тарроҳ дигаргуниҳои бавуҷудомадаи иҷтимоӣ–фарҳангиро кор мегирифт. Дар нахустнамоиши маҷмуаи пероҳанҳои баҳору тобистони 2017, моделҳо бо футболкаҳои навиштаҷоти We Should All Be Feminists Dio(R)evolution, яъне “Бонувони Диор метавонанд нафосати худро гум накарда, пурқувват бошанд” баромад карда буданд.