Formula novemver 2024
Покистон: Таҷовузгаронро ахта мекунанд?
1869


Вақтҳои охир ҳодисаҳои нангини таҷовуз ба номуси занону духтарон рӯз то рӯз афзуда истодаанд. Кор ба ҷое расидааст, ки баъзе мардони бе виҷдону ҳайвонсирате ҳатто ба кӯдакони маъсум заррае раҳму шафқат накарда, даст ба таҷовузи ноболиғон мезананд. Ба хотири кашидани таноби чунин мардони бехирад ҳукумати Покистон қарор баровард, ки минбаъд таҷовузгаронро ахта кунанд...
Вакилони порлумони Покистон қонунеро ба тавсиб расониданд, ки тибқи он шахсони бо ҷинояти таҷовуз ба номус ба чанг афода, ба ҷазои сахт-ахта кардан маҳкум карда мешаванд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, вакилони парлумон пешниҳод кардаанд, ки афроди такрор ба такрор даст ба таҷовуз зада бо роҳи кимиёвӣ ахта карда шаванд. Ҳукумат бояд додгоҳи махсусе ташкил кунад, то парвандаҳои марбут ба таҷовуз ва сӯистифодаи ҷинсӣ “босуръат ва дар муддати на бештар аз чаҳор моҳ” баррасӣ карда шаванд.
Имрон Хон, нахуствазири Покистон ҳанӯз соли 2020 эълон карда буд, ки ҳукуматаш тарҳи қонунеро таҳия дорад, ки ҷазои сахтеро барои таҷовузгарони ҷинсӣ пешбинӣ мекунад. Сабаби ин тасмими ҳукумат ҳодисаи нохуши таҷовузи гуруҳии як модари покистонӣ дар пеши чашми фарзандонаш дар яке аз шоҳроҳҳои бузурги кишвар буд. Ин ҳодиса хашми мардумро барангехт ва сабаби тазоҳуроти саросарӣ гашта, ҳукуматро зери фишори ҷомеа қарор дод, то чорае барои пешгирӣ аз чунин ҷиноятҳои сахту зишт биандешад.
Аввали имсол дар Покистон ду мардро барои таҷовузи ҷинсӣ ба қатл маҳкум карданд ва ин муҳокима баҳсҳоро дар бораи расидагӣ ба ҳазорон парвандаи таҷовуз ва сӯистифодаи ҷинсии кӯдакон доман зад. Ахтаи кимиёвӣ як ҷазои қонунӣ барои таҷовузгарони ҷинсӣ мебошад, ки дар баъзе кишварҳо амал мекунад. Дар Тоҷикистон ҳам баъди ҳодисаи нангини таҷовуз ва қатли Руфайда Иноятоваи 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ баъзе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хостори сахттар кардани ҷазо, аз ҷумла ахтаи таҷовузгарони ҷинсӣ шуданд, вале додгоҳ рӯзи 19-уми октябр Раҳматулло Гадоеви 30-соларо барои таҷовуз ва қатли бераҳмонаи тифли 8-сола ба зиндони якумрӣ маҳкум кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД