arzon replenishment
Писари боз як мансабдор сарбоз шуд
1419

Дафтари матбуоти Ҳукумати шаҳри Панҷакент хабар дод, ки Бежан Камолиддинов, донишҷӯи соли аввали шуъбаи ғоибонаи факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва дифои ҳарбии Донишкаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент довталабона ба комиссариати ҳарбии шаҳр барои рафтан ба сафҳои неруҳои мусаллаҳ муроҷиат намудааст.

Гуфта шуд, ки Бежан писари раиси Ҷамоати деҳоти Хурмӣ Ҳусниддин Камолиддинов буда, ӯро худи падар ва аҳли оилаю наздиконаш бо фотиҳаи нек ба хизмат фиристодаанд.

"Бежан ду соли хидмати ҳарбиро барои худ идомаи таҳсил дар донишкада медонад. Ӯ барои омӯзгори фанни дифои ҳарбӣ хидмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳро шарти аввал, мактаби обу тоби ҷисмонӣ ва изҳори садоқат ба Ватан меҳисобад",-навиштааст манбаъ.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки Аҳлиддин Баҳодурзода, писари шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар рӯзи аввали сафарабарӣ ба хидмати ҳарбӣ - 1 апрел, аз ҳисоби Ворух ба сафи артиш пайваст ва ӯ аввалин фарзанди мансабдор буд, ки дар оғози маъракаи даъвати имсола сарбоз шуд.

ИНЧУНИН, ХОНЕД:

НАҚШАИ ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА АСКАРӢ 40% ИҶРО ШУД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД