Formula novemver 2024
Нақшаи даъвати ҷавонон ба аскарӣ 40% иҷро шуд
637

 

Вазорати мудофиа аз 40% иҷро шудани нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хабар дод...

Тибқи иттилои маркази матбуоти вазорати мудофиаи Тоҷикистон, Бадахшон ҳанӯз дар рӯзҳои аввали оғози маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар нақшаро иҷро кардааст, вале дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ин маърака ҳанӯз идома дорад.
Дар Вилояти Хатлон нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ 34%, дар Вилоти Суғд бошад, 26% иҷро шудааст.

Шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи артиши миллиро 30%, ноҳияҳои тобеъи марказ бошанд 57% иҷро кардаанд.

Ҳамин тавр дар маҷмӯъ нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 40% иҷро шудааст. Даъвати ҷавонон ба аскарӣ аз 1-апрел то охири моҳи май идома ёфта, дар мавсими имсола ҷавонмардони солҳои таваллудашон 1996-2005 ба хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар даъват карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД