Аҳлиддин Баҳодурзода, писари шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар рӯзи аввали сафарабарӣ ба хидмати ҳарбӣ - 1 апрел, аз ҳисоби Ворух ба сафи артиш пайвастааст. Дар ин бора сухангӯи шаҳрдор иттилоъ дод.
Зикр гардидааст, ки Аҳлиддин хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар назди падар хоҳиши ихтиёрӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмат намуданро карда, ҳамроҳ бо дигар наваскарон озими комиссиариати ҳарбӣ шудааст
Падари ӯ, Баҳоваддин Баҳодурзода, рӯзи 29-уми апрели соли гузашта дар муноқишаи марз аз ҷониби сарбозони Қирғизистон захмӣ шуда буд. Он рӯз Баҳодурзода ҳамчун раиси шаҳри Исфара барои ҳалли ҷанҷол рафта буд, аммо бо зарби тир маҷруҳ шуда, ба беморхона афтид ва ҷарроҳӣ шуд.