Китоби рекордҳои Гиннес расман Андерсон Тейлор, сокини иёлати Иллинойси ИМА-ро ҷавонтарин мудири осорхона дар ҷаҳон эътироф кард.
Тасаввур кунед, ки дар синни нӯҳсолагӣ аксари кӯдакон танҳо ба бозӣ ва таҳсил машғул мешаванд. Аммо Андерсон аз ҳамсолонаш фарқ мекард. Ӯ ҳамагӣ дар синни 9 солу 340-рӯзагӣ, 10 августи соли 2024 Осорхонаи таърихи табиии Кембриҷро таъсис дода, ягона соҳиби он гардид. Дар осорхона сангшудаҳо, маъданҳо, бозёфтҳои таърихӣ, намунаҳои табиат ва гӯшаҳои омӯзишӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Ҳоло Андерсон 11-сола аст. Ӯ барои харидории бинои осорхона маъракаи ҷамъоварии маблағро роҳандозӣ намуда, то имрӯз аллакай 20 ҳазор доллар ҷамъ овардааст. Орзуи бузурги ӯ дар оянда палеонтолог шудан ва омӯзиши динозаврҳо ба таври касбӣ мебошад.