arzon replenishment
Писарбачаи нобинои тоҷик дар озмуни “Белая трость”ҳунарнамоӣ мекунад
1389

 

Дар озмуни байналмилалии мусиқии «Белая трость», ки дар шаҳри Маскав баргузор мегардад, Тоҷикистонро писараки ҳунарманде намояндагӣ мекунад, ки аз дидаи бино маҳрум мебошад.

Мубориз Каримов зодаи ноҳияи Варзоб буда, мушкили биноӣ дорад, вале худованд ба ӯ истеъдоди хуби сарояндагӣ эҳдо намудааст. Мубориз дастпарвари мактаб-интернати махсуси ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони нобино ва биноияшон сусти шаҳри Ҳисор мебошад. Падари Мубориз коргари оддӣ, модараш бошад, соҳибхоназан аст. Касе дар оилаи онҳо бо санъат сару кор надорад, вале меҳри ҳунар ҳанӯз аз овони тифлӣ дар қалби Мубориз маъво гирифтааст.

Мубориз Каримов орзу дорад, ки дар оянда сарояндаи номдор шуда, ба кӯмакони ятим ва маъюб ёрӣ расонад.

Ёдрас мешавем, ки Фестивал-озмуни байналмилалии мусиқии«Белая трость» аз 13 то 16 октябр дар пойтахти Руси шаҳри Маскав баргузор мегардад. Барои ширкат дар ин озмун 950 нафар кӯдакон довталаб буданд, вале аз ин шумора танҳо 29 нафар бачаҳои боистеъдод аз 8 давлат аз санҷиш гузашта ба озмун роҳ ёфтаанд.

Фестивал-озмуни «Белая трость» муддати 15 сол инҷониб бо ибтикори фонди хайриявии кӯмак ба кӯдакони нобино ва биноияшон сусти “По зову сердца» гузаронида мешавад, ки муассисаш овозхони машҳури рус Диана Гурцкая мебошад. Дар ин озмун истеъдодҳои ҷавон аз давлатҳои Россия, Белорусия, Арманистон, Озорбойҷон, Қазоқистон, Туркменистон, Қриғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон иштирок ва ҳунарнамоӣ мекунанд. Соли гузашта дар ин озмун аз Тоҷикистон Нилуфар Азизоваи 16-сола ҳунарнамоӣ карда, ҳамроҳи ситораи эстрадаи рус Алсу суруд хонда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД