Дар Покистон писарбачаи нодир бо қобилияти ғайриоддӣ зиндагӣ мекунад. Муҳаммад Самир, ки ҳамагӣ 14 сол дорад, метавонад сарашро ба қафо баргардонда, онро ба 180 дараҷа тоб диҳад - амале, ки барои одамони одӣ номумкин менамояд.
Тавре ки Daily Pakistan менависад, ин маҳорати ҳайратангез ҳосили омӯзиш ва тамринҳои чандсолаи ӯст, на қобилияти модарзодӣ.
Самир нақл мекунад, ки бори аввал чунин ҳаракатро дар як филми даҳшатноки Ҳолливуд дида буд ва тасмим гирифт, онро бо ҷисми худ таҷриба кунад. Дар аввал модараш ба ин кор мухолиф буд, вале бо гузашти вақт қабул кард, ки шояд ин истеъдоди фарзандаш як «ҳадяи илоҳӣ» бошад.
Муҳаммад, ки ба сабаби ин маҳорати ғайриодӣ лақаби «писари бум» -ро гирифтааст, ҳатто мактабро тарк кард ва ба гурӯҳи рақсии Dangerous Boys пайваст. Акнун ӯ дар намоишҳои ҳунарӣ ширкат мекунад ва даромади бадастомадаашро барои дастгирии молии хонаводааш сарф менамояд.