Arzon march 2024
ПИСАР ҚОТИЛИ МОДАР ШУД
1525

Наздиконаш муқобили майнӯшии ӯ буданд. Аз ин рӯ, ӯ хост онҳоро бо роҳи захролудкунӣ ба қатл расонаду ба шаробмастии худ идома диҳад
Ба иттилои котиботи додгоҳи ин вилоят, Исломов, ки шаробмастиро дӯст медошту наздиконаш алайҳи ин феъли бади ӯ мубориза мебурданд, аз рӯи хусумати шахсӣ хост онҳоро аз ҳаёт маҳрум созад.

Гуфта мешавад, номбурда ба деги хӯроки хонаводааш 5-6 дона доруи "Азалептин" ва як миқдор пайвастагиҳои органикии фосфордор ва хлордорро андохт, ки дар натиҷа модараш заҳролуд шуда, ҷон аз даст дод.

Гузашта аз ин, аз авқоти заҳрдори Исломов 6 аъзои хонаводаи ӯ, аз ҷумла ду ноболиғ бо нишонаҳои шадиди заҳролудшавӣ ба шуъбаи эҳиёгарии беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон интиқол дода шуданд.

Зимнан, прокуратураи ноҳияи мазкур нисбати Исломов бо моддаҳои 104 қисми 1 ва 32 қисми 3, 2 бандҳои "а,в,ж" Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, онро ба суд ирсол намудааст.

Ба ҳамин минвол, суди Хатлон Исломовро ба мӯҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум намуда, адои ҷазои ҷиноятиро дар колонияи ислоҳии дороӣ низомаш сахт сипарӣ мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД