arzon replenishment
ПИСАР МАҲБАС РАФТУ МОДАР ЗЕРИ ХОКИ САРД
3067

Рӯзи 30 - юми июн Саъбагул Холбобоева, модари Шарифхон Назаров, сарбози собиқи Қушунҳои сарҳадбонии Тоҷикистон, баъд аз тақрибан ду ҳафтаи эълон шудани ҳукми писараш дар роҳ ба сӯйи маҳбаси шаҳри Кӯлоб фавтидааст.

Сабаби марги Саъбагул Холбобоева, сокини 44 - солаи ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, маълум нест. Ба гуфти “Радиои Озодӣ” “фарзандонаш зидди ташхиси ҷасад шудаанд ва ӯро зуд гӯронданд”.

Фахриддин Назаров, писари марҳум рӯзи 1 - уми июл дар суҳбат бо ин расона гуфт, ки "модарам бо пойи равон барои дидани Шарифхон рафта буд, вале аз он ҷо ҷасадашро оварданд. Ҳангоми аз хона баромадан сиҳат буд ва аз саломатиаш шикоят надошт". Ба гуфти ӯ модараш бо худ дар ду халта хӯрокворӣ гирифта буд, то ба фарзанди зиндониаш расонад. "Воқеан, мо намедонем, ба ӯ чӣ шудааст", - гуфт ӯ.

Ба гуфти як манбаи ин радио марҳум 100 метр дуртар аз зиндон ҷон дод. Ба нақли ӯ, "мардум ба милиса хабар додаанд, ки зане болотар аз идораи барқ афтидааст. Ҷасадро ба беморхона барои ташхиси судӣ бурданд, вале наздиконаш иҷозат надодаанд, ки санҷиш баргузор шавад". Марҳумро рӯзи 30 - юми июн дар деҳаи Зарнигори Ҷамоати ба номи Сайф Раҳимови ноҳияи Балҷувон гӯронидаанд.

Ёдовар мешавем, ки Суди ҳарбии вилояти Хатлон рӯзи 18 - уми июн сарбоз Шарифхон Назаровро ба дуздии чорво гунаҳкор донист ва барои ин ӯро барои панҷ сол ҳабс кард. Шарики ӯ Меъроҷ Саидов бошад, 6 моҳ аз озодӣ маҳрум шуд.

Шарифхон моҳи апрели соли 2019 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, дар оғоз дар ноҳияи Панҷ хизмат мекард ва баъдан ба қисми ҳарбии 0307, воқеъ дар ноҳияи Ҳамадонӣ, интиқол ёфт. Ӯ соҳиби зану фарзанд аст.

Марҳум Саъбагул нӯҳ рӯз пеш аз он шикоят мекард, ки суд писарашро ноодилона зиндон кард, дар ҳоле ки "гунаҳкорони асосӣ беҷазо монданд". Ба гуфти ӯ вақте моҳи июли соли гузашта ба хабаргирии писараш ба қисми ҳарбӣ рафт буд, аз ӯ 200 сомонӣ талаб кардаанд. Рӯзи дигар кӯдаки аввалини Шарифхон вафот кард ва вақте писараш ба хона омад, командираш занг зад, ки “пулат кам аст”.

Ин сарбоз моҳи феврали имсол аз тарафи ШКД - и н. Балҷувон дастгир шуд ва парвандааш дар ихтиёри Суди ҳарбии Кӯлоб қарор гирифт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД