Аҳмад гўё интизори ҳамин бошад, либосҳояшро ба мошинаш бор карду ҳатто бо фарзандонаш маслиҳат накарда, аз хона рафт. Баъд шунидем, ки ў хонаи панҷҳуҷрагии дар шаҳр доштаамонро бо шаст сотих замини дар ноҳия доштааш ба номи Шуҳра кардааст.
Аммо зиндагии ў дар оилаи нав тӯл накашид, ҳамагӣ баъди шаш моҳ ў ҳамсари навашро дар меҳмонхонае бо ҷаҳдмандаш дошта, аз ў ҷудо шуд. Азбаски ҷойи рафтан надошт, дар ҷойи кораш хоб мерафт. Баъди чанд вақт Шуҳра боз дилашро ёфта, ўро ба хонааш бурд. Акнун хиёнат ба шавҳари пир кори муқаррарие буд барои Шуҳраи фоҳиша. Аҳмад бошад, ба хотири ин зани беҷогард ба корҳои ҷиноятӣ даст зада, барояш пул меёфт, то дар назари зани ҷавонаш паст натобад. Ҳатто хешу табораш барои фоҳишаеро ҳамсар хонданаш аз вай рўй тофтанд, вале Аҳмад аз мурдоби ифлоси макри Шуҳра намебаромад. Пас аз як соли зиндагӣ дар оилаи нав, Аҳмадро барои порахўрӣ ва фурўши замин дастгир карда, ба муҳлати даҳ сол зиндонияш намуданд. Аҳмад аз Шуҳра хоҳиш кард, ки замин ё яке аз хонаҳояшро (акнун Шуҳра аз ҳисоби ришваҳои хўрдаи Аҳмад ҳавлии дакаданге низ дошт) фурўхта, ҷаримаи давлатро супорад, то ў раҳо шавад, вале ҷавонзани шаттоҳ ин ҳаққи сағераҳоят гуфта, дугоникҳояш Шамшоду Ноҳидро пеши назари падари зиндонӣ овард.
Дар зиндон Аҳмадро гоҳ-гоҳе амакбачаҳояш хабаргирӣ меомаданду халос. Духтаронам ба ёди падар ҳамеша ашк резанд ҳам, ба хабаргирияш намерафтанд, зеро аз ў сахт ранҷида буданд. Писарам як бор пинҳонӣ аз ман ба хабаргирии падар рафта бошад ҳам, Аҳмад шояд аз шарм назди ў набаромадааст.
Ҳамин тавр пас аз панҷ соли зиндон, Аҳмад аз бемории дил оламро падруд гуфт. Мурдаи ўро на ба хонаи занаш, балки ба қишлоқ ба хонаи падарияш бурданд. Ҳарчанд намехостам ба ҷанозааш равам, боз хотири фарзандонам баландӣ кард…
Шуҳра он ҷо биддирос зада ба касе гап намедод, танҳо дугоникҳояш (Худо медонад, падарашон кӣ бошад) болои сари падарашон зор-зор мегиристанд. Ман ба чеҳраи сарду заҳири падари фарзандонам нигаристам, аммо дилам насӯхт ва оби чашмам ҳам набаромад. Охир, марде, ки ба рўи зиндагӣ ва ишқу муҳаббат ва меҳнатҳои чилсолаи ман хати батлон кашид, ба ашк рехтан меарзид?!
Ана ин буд қиссаи ишқи пирии шавҳари ман, ки ўро расво карда, бо фоҷиа анҷом ёфт. Шояд он кирои қисса кардан ҳам надошт, вале мехоҳам сарнавишти талхи фарзандони ман ба мўйсафедони ошиқ дарси ибрат шавад…
САОДАТ
Таснифи Нисо ХОЛИД