Дилам даруни синаам чун кафтараки захмӣ пар-пар мезад, метарсидам, ки Аҳмад ба падарам маъқул намеояд.
Вале гуфтаҳои модарам диламро таскин мебахшиданд:
- Бачаи зебо ва шармгине будааст…
Он шом падарам бо Аҳмад се соат суҳбат кард. Чун Аҳмад бо мо хайрухуш карда рафт, падарам рўи нармкурсии айвон нишаста, пешонияшонро молида, андешаманд гуфтанд:
- Саодатҷон, ин бача дар дасти моиндар калон шуда, панҷ сол дар интернат тарбия гирифтааст. Бачаи хуб менамояд, вале боз Худо медонад, ким-чӣ хел…
Ман фаҳмидам, ки падарам дудила аст. Рўзи дигар модарам хулосаи суханони падарамро гуфтанд. Яъне падарам намехостааст мани бо ноз парвардаашро ба як сағираи пойлуч диҳад, вале ишқи мо ғолиб омаду пас аз хатми донишгоҳ мо бо Аҳмад хонадор шудем. Бо роҳхати донишгоҳ мо ҳарду ба яке аз ноҳияҳои атрофи пойтахт ба кор рафтем. Аҳмад дар шуъбаи маорифи ноҳия кор мекарду ман дар мактаб муаллима будам. Бо мусоидати падарам мо дар маркази ноҳия як ҳавличаеро харидорӣ кардем ва оҳиста-оҳиста он ба як ҳавлии боҳашаммати барҳавое мубаддал гашту фарзандонамон он ҷо ба дунё омаданд. Ду духтари нозанин ва писари ягонаамон низ қад кашида, ба воя мерасиданд, ҳамсарам бо ёрии падарам ба зинаҳои баланди мансаб расиду соҳиби пулу мол, мошину иззату обрў гашт. Падару модарам розӣ аз ў дунёро тарк гуфтанд, волидони ў низ аз олам гузаштанд. Бо хешу табораш муносибатҳои ҳасана доштем, хулоса, мо низ ба пирӣ мерасидем, вале…
Синни Аҳмад ба домани шаст дакка мехўрду духтаронамонро ба шавҳар дода, соҳиби набера шудем, писари ягонаамонро низ фотеҳа кардем.
Вақтҳои охир шавҳарам ба худаш зиёд аҳамият медоду орою торо карда ба кор мерафт, бўи атри қиматбаҳояш то бегоҳ дар фазои хона боқӣ мемонд. Аз миш-миши ҳақу ҳамсоя ва ҳамкоронаш фаҳмидам, ки ў ҷавонзани бешавҳареро ба кор гирифтаасту ҳамеша бо ўст.
Тўйи писарам баргузор гашту ҳамкорони Аҳмадро низ ба тўй даъват кардем. Бори аввал Шуҳраро ҳамон ҷо дидам. Ин ҷавонзани пастқомати фарбеҳак, чашмони аз косахонаашон зада баромадаю қошони пайвасти ба худаш нозебе дошт. Ў ҳарисона ба шавҳари ман, ки синну солаш рафта бошад ҳам, марди хушсалиқаи зебое буд, менигарист, ҳатто аз ман шарм намедошт…
Оҳиста-оҳиста ишқварзиҳои шавҳарам бо Шуҳра дар ноҳия овоза шуд. Ман пурсуков карда кӣ будани ин зани шавҳардуздро муайян кардам. Модари Шуҳра аз ҳамшаҳриҳои Аҳмад будаасту шавҳари холааш бошад, рафиқи наздикаш, онҳоро маҳз Амир, язнаи Шуҳра ба ҳам шинос кардааст. Шуҳра сари чор шавҳарро хўрда, бероҳаи гузаро бошад ҳам, дили Аҳмадро бурда буд.
Як рўз Аҳмадро ба суҳбати ошкоро кашида, буду шуди гапро барояш нақл кардам, гумон доштам ў ҳамаи инро туҳмат меномад, вале ў…
Гуфт, ки аллакай бо Шуҳра ақди никоҳи мусулмонӣ дорад. Худи ҳамон рўз Аҳмадро аз хона рондам. Дилам ба меҳнатҳои бесамарам месӯхт. Охир, барои шахсият шудани ў меҳнати ману падарам хеле зиёд буд. Устодони донишгоҳиям донишу малакаи маро ба инобат гирифта аз ман хоҳиш карда буданд, ки рисолаи илмӣ навишта, дар донишггоҳ монам, аммо ба хотири Аҳмад аз баҳри худам гузаштам…
Ғайр аз ин, ў бо ин кораш ба рўи фарзандони нозанинамон туф карда буд…
(Давом дорад)
САОДАТ
Таснифи Нисо ХОЛИД