Ман дар оилаи шахси сарватманд таваллуд шуда, ба воя расидаам, падарам корманди ҳизбӣ буданду дар ноҳияҳои гуногуни шаҳри Душанбе дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият намудаанд.
Мо ду духтару як писар дар сояи муҳаббати модар ва гармии меҳри падаронаи қиблагоҳи азизам ба воя расидем. Апаам пас аз хатми мактаб ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуду ман ба Донишгоҳи омўзгорӣ, ки он вақт педагогӣ унвон дошт.
Ростӣ, ман наврасиямро пурра ба омўзиш бахшида будаму дар бораи ишқу муҳаббат фикр ҳам намекардам, вале рўзи аввали ба донишгоҳ омаданам нигоҳам ба нигоҳи ҷавони зебое афтоду ба ў дил бохтам. Ҷавони зардинаи хушқомат, ки чашмони кабуди дарёӣ дошт, Аҳмад, ҳамсабақам буд. Мо дар хонаамон китобхонаи бойе доштему ман зиёд китобҳои бадеӣ мехондам, вале ин қадар ҷонсўз будани дарди ишқро дар ягон асари ошиқӣ мутолиа накарда будам. Ҳарчанд Аҳмад аз байни ҳамсабақон аз ҳама зиёдтар ба ман меҳрубон буд ва ҳис мекардам ў низ нисбати ман дар дилаш меҳри беандоза мепарварад, вале боз диламро гургони бадхашми рашк тала мекарданд, ки каси дигаре дили азизи маро соҳиб нашавад.
Як рўз Аҳмад аз ман хоҳиш кард, ки ба дидани филми нави ҳиндӣ ба кинотеатри «Ватан» равем. Ман зуд розигӣ додам ва ҳамон рўз ў ба ман изҳори ишқ кард…
Акнун вохўриҳои мо ошиқона буданду ду нафар бо сад умеду орзу дар кўчаҳои Душанбеи азиз сайругашт менамудем. Хабари бо ҷавони зебое ҳамеша ҳамроҳ будани ман ба гўши падарам расиду ў маро дар танҳоӣ наздаш хонда, гуфт:
- Духтарҷон, он ҷавони доим туро ҳамроҳӣ мекардагӣ кист?
Ман медонистам, ки дурўғ гуфтанам қаҳри падарамро меорад, аз ин рў асли воқеаро ба ў нақл кардам. Падарам гуфт, ки фардо Аҳмадро ба меҳмонӣ даъват намо, бо ў аз наздик шинос шудан мехоҳам. Аҳмад аз ин таклифи ногаҳонии ман худро ким-чӣ хел ноҳинҷор эҳсос намуда бошад ҳам, розӣ шуд. Шоми рўзи дигар модарам рўи мизро шоҳона оро доданду мо интизори Аҳмад будем, апаам аллакай бо писари як рафиқи падарам фотеҳа шуда буд, бо шӯхӣ ба модарам нигариста, гуфт:
- Мо содда-дия, падарам ҳар киро гуфт, розӣ шудем, Саодатхон расо зӯр, худашон шавҳар интихоб мекунанд!
Ман норозиёна ба ў нигаристам, вале модарам бас кунетон гуфта, ба суҳбат нуқта гузошт.
Пас аз чанде Аҳмад низ пайдо шуд. Вай дар дасташ як даста гул ва қандинае дошт. Мо гирди як миз ҷамъ омадем, модарам дид, ки Аҳмад зиёд хиҷолат кашида, даст ба хўрок намебарад, ба мо ишора кард, ки аз хона бароем ва ў бо падарам танҳо монд…
(Давом дорад)
САОДАТ
Таснифи Нисо ХОЛИД