Formula novemver 2024
Пиразани солхурдатарин дар рӯи дунё вафот кард
4202


Фотима Мирзоқулова, пиразани солхӯрдаи тоҷик, ки зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд буд, даргузашт.

Номбурда, соли 1893 дар ноҳияи Ашт ба дунё омада буд, чанд рӯз қабл дар синни 126-солагӣ ин дунро падруд гуфт.


Эрон: Мӯйсафеди 106 сола аз коронавирус шифо ёфт.


Фотима Мирзокулова пиразани куҳансолтарин дар ҷаҳон, соҳиби ҳашт фарзанд, 200 набера, абера ва чабера буд. Бино ба иттиллои маълумоти маъмурияти ноҳияи Ашт ба расонаҳои хабарӣ, гуфта мешавад, ки дар маросими дафни Фотимахола дар баробари бошандагони маҳалла аз тамоми гӯшаи канори кишвар, аз ҷумла ҷонишини раиси ноҳия ва раиси совети ветеранҳо дар маросими ҷамъ омаданд.
Аз гуфтаҳои духтари Мирзокулова бар меояд, ки модараш аз ҳеҷ кадом беморӣ ранҷ намебурд, зиндагии орому осоишта дошту аз чизе кам набуд.

Бояд қайд кард, ки Фотима Мирзоқулова, зоҳиран, зани аз ҳама пиртарин дар ҷаҳон аст, зеро як солхӯрдаи японӣ Кейн Танака, ки низ дар Китоби Рекордҳои Гиннес сабт шудааст, ҳоло 117-сола аст. Боз як зани 123 – солаи рус Танзиля Бисембеева мисол шуда метавонад,ки 30 - уми октябри соли 2019 дар синни 123 –солаги аз қайди ҳаёт даргузашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД