Arzon march 2024
Эрон: Мӯйсафеди 106 сола аз коронавирус шифо ёфт.
06.04.2020
Р. Азимӣ
4553


Як мӯйсафеди 106 солаи мубтало ба коронавирус дар Эрон бо беҳбуди вазъияти ҷисмонӣ аз бемористон ҷавоб дода шуд.

Ин марди 106-сола, ки дар Эрон мубтало ба коронавирус шуда буд, пас аз 14 рӯзи бистарӣ дар бемористон бо беҳбудии комил ҷавоб дода, ба хона баргашт, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Бино бар иттилои манбаъ, то кунун даҳҳо бемори мубтало ба коронавирус дар Эрон одамони сину солашон беш аз 90 бо иродаи қавӣ, ин вируси кушандаро шикаст доданд ва аз бемористон шифо ёфта , ба хонаҳояшон баргаштаанд.


Чаро дар Тоҷикистон КОРОНАВИРУС нест? Шарҳи расмии USAID


Боиси тазаккур аст, ки коронавирус, охирҳои соли 2019 дар шаҳри Ухани Чин пайдо шуда буд.

Ҳамакнун тақрибан тамоми кишварҳои ҷаҳон даргири муқобила бо вируси корона ҳастанд ва омори мубталоён ба ин вирус  ба беш аз як миллион нафар дар саросари дунё афзоиш ёфтааст, ки аз ин теъдод ҳудуди 59 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва дастикам  229 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта аз бемористонҳо шифо ёфта, ба назди азизонашон баргаштанд.


ЧИН: Ҳукумат гуфт дигар сагу гурба нахӯред!


Бинобар эъломи Вазорати тандурустӣ, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, то кунун аз маҷмӯи 53 ҳазору 183 нафаре, ки дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд, 17 ҳазору 935 нафари онҳо беҳбуд ёфта аз бемористонҳо мураххас шудаанд ва 3 ҳазору  294 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД