arzon replenishment
ЧИН: Ҳукумат гуфт дигар сагу гурба нахӯред!
4053

Ҳукуматдори шаҳри Шэнчжени Ҷумҳурии халқии Хитой истеъмоли гӯшти сагу гурбаро расман манъ кардаст, - хабар медиҳад сомонаи “Рамблер” дар такя ба ҳукумати шаҳри Шенчжен. Сабаби чунин тасмим хуруҷи бемории коронавирус ва вируси нави ханта гуфта мешавад.

Гуфта мешавад, ки қарори мазкур аз 1-уми май амалӣ карда мешавад.

Ҳукумати шаҳр дар баёнияи расмии худ дар сомонааш изҳор доштааст, ки нисбат ба дигар ҳайвонҳо сагу гурба бо одамон муносибати наздиктар доранд ва манъ шудани истифодаи он дар кишварҳои тараққикарда таҷрибаи маъмулӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, шаҳрвандони ин шаҳр низ аз хӯрдани гӯшти сагу гурба дурӣ ҷӯянд.
Олимони соҳаи тиб низ бар он назаранд, ки вируси Covid-19 аз ҳайвон ба одам мегузарад. Аз лиҳози авҷ гирифтани сирояти коронавирус моҳи феврал Ҳукумати Хитой шикор кардани ҳайвонҳои ваҳшӣ ва савдову истифодаи онро аз ҷониби сокинон манъ карда буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД