Як ширкати бритонӣ бо мақсади тарғиб намудани фаъолияти корхонаи худ 1496 мошинаи ҷамашӯиро ҷамъоварӣ намуда, аз он пирамида тартиб дод.
Дар китоби рекордҳои Гиннес гуфта мешавад, ки ширкати Currys PC World пирамидаи калонтаринро аз мошинаҳои ҷомашӯӣ сохтааст.
Мутахассисони ширкат конструксияи баландияш беш аз 145 метрро ҷамъоварӣ намудаанд, ки аз 256 мошина иборат будааст. Ҳадаф аз баргузории рекорди мазкур дар он аст, ки одамон бештар дар бораи тарзи дуруст истифода бурдани ин навъи техникаи маишӣ маълумоти саҳеҳ ба даст оварда тавонанд.