Arzon march 2024
Пинҳонӣ зани дуюм шавам?
14.05.2023
ОИЛА
2026

Салом ҳафтаномаи дардошно «Оила». Ман дар байни наздиконам ягон одами розшунав ва маслиҳатгар надорам. Мехоҳам мушкили худро гуфта, аз хонандагони рӯзгордида маслиҳат бипурсам.

Пас аз хондани ин сатрҳо шояд шумо маро як духтари зудбовар гумон кунед, чунки дар гирдоби зиндагӣ афтида ҳеҷ роҳи наҷотро наёфта истодаам. Чанд моҳ қабл тасодуфан тариқи телефон бо як ҷавонмард шинос шуда, оҳиста-оҳиста чунон ба ӯ одат кардам, ки дигар ҳаётамро бе ин мард тасаввур карда наметавонам.

Медонам, ки ӯ зан ва ду фарзанд дорад, вале ҳарчанд кӯшиш мекунам, меҳрашро аз дил берун карда наметавонам. Намедонам рост мегӯяд ё дурӯғ, гӯё ҳамсарашро маҷбурӣ ба ӯ додаанду дилаш ба зиндагӣ гарм нест. Ман аз оилаи камбағал ҳастам, ошиқам бошад, марди сарватманд аст ва шароиташ барои таъмини чанд оила мерасад.

Мегӯяд, ки биё пинҳонӣ никоҳ кунем, баъд занам фаҳмад ҳам, дигар аз дасташ ягон кор намеояд. Дилам алов гирифта, баъзан мехоҳам зани дуюми ӯ шавам, аммо андешаи он ки мабодо дар нимароҳи зиндагӣ сарсону саргардон нашавам, маро аз никоҳи пинҳонӣ бозмедорад. Намедонам, марди зандор маро хушбахт карда метавонад ё не, барои ҳамин қалам ба даст гирифтам, то аз шумо маслиҳат бипурсам. Илтимос, ба мани дар миёни чорроҳаи зиндагӣ дармонда роҳи дурустро нишон диҳед!

Зарина, аз н. Синои ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
психолог 2023-05-16, 13:27
маслихати ман ба шумо хамин ки агар сахт нагз бинед якдигаро Яне мардхам шумо ро сахд дуст дорад вахтро кашол надеюсь рози шав хамаш хуб мешавад
Посух
Хабиба 2023-06-19, 15:12
Ин беаклиро хичвакт накун сахт пушаймон мешави шуи мардумро ки гирифти шуи туро мегиранд. Он мард вакте ки туро гирифт боз дар болои ту як каси дигарро мегирад. Аз ман маслихат ба руйхати сиёх ворид бикун ракамхояшро холо зам дер нашудааст аз паси зиндагии халолу оромонаи худ бишав ва сабру токат кун онеки туро дуст медорад пайдо хохад шуд на онеки насиби дигаркас аст!!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД