Sebiston new 2024 october
Пиҳилам намо, Назира! (ҚИСМИ 1)
02.10.2021
ДИЛОШӮБ
3977

 

Ман марде будам, ки фақат ба сиёсату иҷтимоъ майл доштам, ҳафтавори «Оила»-ро варақ мезадам, аммо ҳама навиштаҳояшро афсона мепиндоштам. Имрӯз рӯйи ниёз ба ин ҳафтавор овардаам, зеро медонам Назираи беназири ман, куҷое ки набошад, онро мехонад ва садои дили маро мешунавад. Бахшиши маро қабул мекунад ва ман бо дили ором ба он дунё сафар мекунам…

                          Ҳаромӣ

Ман дар батни модарам бе никоҳ пайдо шудаам, шавҳари аввали модарам аз дунё мегузараду ӯ бо падари ман, ки раиси ҷамоат будааст, муносибат мекунад. Модарам аз никоҳи пешин як писар ва падарам зану ду фарзанд доштаанд, чун модарам ҳомиладор мешавад, хоҳаршӯйҳояш ӯро аз хона меронанд ва ҷиянашонро мегиранд. Падарам занашро талоқ дода, ба модари ман, ки бист сол аз худаш хурд аст, хонадор мешавад ва аз ин никоҳ ман ба дунё меоям, пас аз ду моҳи «тӯй»-и онҳо. Дар деҳа ва байни хешу табор маро «ҳаромӣ» мегуфтанд, шояд аз ин рӯ, асабиву шикаста ба воя расидаму ба ҳама нафрат доштам. Ҳатто акаву додару хоҳаронамро бад мебинам, зеро байни ҳамаи онҳо ман тамғаи бадномии ҳаромиро доштам. Солҳо гузаштанд, ман мактабро тамом карда, ба пойтахт барои хондан омадам, босаводу масъул бошам ҳам, дар ҳама ҷо одами дуюму сеюм ва дастнигари сардор будам. Тайёр будам, ки бо забонам кафшҳои сардоронро тоза кунам, то як вазифаи баландтарро бароям лоиқ бинанд, аммо корам омад намекард. Ду маълумоти олӣ гирифтам, унвони илмӣ ҳам, аммо касеро ба ман кор набуд ва ман хизматгори хоҷаҳо мемондам. Ин ҳама ба ман алам мекард…

                         Зори меҳр

Ҳусни казоӣ ҳам надоштам ва аз аҳамияти занҳо бенасиб, бечора мӯйсафеди падарам бо як азоб ба сад дар хостгорӣ рафта, оқибат духтари як шогирдашро гирифта ба ман дод. Сумаяи қоқи бинидароз, ки Худованд як зара ҳусни занонааш надода буд, зани хуб баромад. Ӯ маро тоқат мекард, маро ин ҳама нокомиҳо он қадар таърифак карда буданд, ки дурӯғи зиёд мегуфтам. Гӯё ҳама занон дар ҳаққи ман сухтаву пӯхтаву бирёнанд, агар нӯшам, ҳатто ситораҳои саҳнаро ба худам ошиқ мегуфтам. Сумая медонист, ки ман дурӯғ мегуям, зеро бемор ҳам будаму хеле кам бо ӯ ҳамбистарӣ мекардам. Ҳамин тавр, соҳиби як духтару як писар шудем, ман ҳамоно дар кадом ниҳоде кор накунам, одами дуюму сеюм будам. Ба рӯям пӯсти хар кашида, хабаркашӣ мекардам, чун рӯбоҳ дум ликонда хушомад мезадам, аммо ҳеҷ не, ки ба орзуям расаму вазифае бигирам. Кадом зани зебоеро бинам, биниямро кашида аз қафояш мерафтаму хушомад мезадам, аммо касе ишқамро қабул намекард. Мехостам мисли мардони дигар маъшуқа дошта бошам, маъшуқаи зебову доро ва Худо оҳамро шунид…

                         «Бойбача»

Ҳарчанд бо қарзу қавола як якхонагӣ гирифта бошем ҳам, ман шабу рӯз кор кардаму як мошин гирифтам.Акнун бурутамро табар намебуриду ба кадом хонуме гап диҳам, аввал аз мошинам гап сар мекардам, баъзе занҳо як-ду моҳ ҳамроҳам гап зада, аз таърифу дурӯғҳоям безор шуда, худашон мерафтанд. Баъзеи дигарашон маро дар ҷоям мешинонданд, вале…

Намедонам чӣ шуду чӣ монд, Назираро ба дом афтондам, Назираи нозанину хушандому хушлибосро, ки аз дуриҳо тамошояш мекардаму аз наздик рафтан метарсидам. Назира дар наздикии коргоҳи мо мағозаи хӯрокворӣ ва «Кошона ҳусн» дошт, медонистам, ки шавҳараш аз олам гузаштаву як духтар дорад, ки шавҳар карда, ба хориҷа рафтааст. Дилам аз худаш дида, ба ҷоҳу ҷалол ва давлату сарваташ банд буд. Як бегоҳ поида шиштаму бо зориҳои зор ӯро бо мошинам то хонааш бурдам ва рақами телефонашро гирифтам. Ҳамин хел сар шуд муносибатҳои мо, Назира аввалин зане буд, ки маро дӯст дошт, ман ҳам ӯро дӯст медоштам, вале инро пинҳон мекардам. Баъди ду-се моҳ ниқоби «бойбача»-гиям афтоду бо ҳар баҳона аз вай пул меситондам. Ҳар гуна иду ҷашнҳо бароварда, аз вай тӯҳфа талаб мекардам, худам низ ба вай тӯҳфа мегирифтам. Тӯҳфаҳои арзонбаҳое, ки ба фикрам ӯ писандашон накунад ҳам, ба хотири ишқи ба ман дошта изҳори хурсандӣ мекард. Назира аввалҳо барои модараму духтараму занам низ ҳар гуна тӯҳфаҳо мехарид, то он рӯзе, ки…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД