Дар Душанбе бозии нахустини силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2024/2025 миёни ду бошгоҳи пойтахт - «Соро компани» ва «Истиқлол» баргузор шуд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, вохӯрӣ маҷрои шадид касб карда, ба суди дастаи «Соро компания» ба охир расид - 3:2. Голҳои «Соро»-ро Идрис Ёров, Дилшод Саломов ва дарвозабони эронӣ Саид Торабиде заданд. Рустам Ҳамидов ва Абдуқаюм Умаров голҳои «Истиқлол»-ро ба самар расониданд.
Бозии дуюми силсилаи ниҳоӣ имрӯз, 13-уми май дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе соати 19:00 оғоз мешавад.
Бояд гуфт, ки бар асоси низомнома, силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон то се пирӯзии яке аз дастаҳоро дар бар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки қаҳрамони феълии мусобиқа дастаи “Истиқлол” маҳсуб мешавад.