Дар замонҳои қадим афродеро, ки даст ба дуздию ғоратгарӣ мезаданд, хеле сахт ҷазо дода, дасташонро мебуриданд, то хатои эшон барои дигарон дарси ибрат гашта, чунин амалҳои ношистаро дар зиндагӣ такрор накунанд.
Бо пеш рафтани замона назари ҷомеа низ тағйир ёфт ва ба хотири риояи ғояи инсондӯстӣ ин анъана қариб, ки аз миён рафта, ҷойи онро чораҳои дигари ҳуқуқӣ гирифтанд, аммо...
Аз касе пӯшида нест, ки дуздию ғоратгарӣ ҷиноят буда, барои ин амали ношоиста касро чанд сол пушти панҷараи зиндон мешинонанд, вале то ба ҳол ашхосе пайдо мешаванд, ки бо умеди дарёфти пули муфт даст ба ғорат кардани моли дигарон зада, ҳаёташонро бо дасти худ месӯзанд. Сарнавишти як пешхизмати тарабхонаи “Яккачинор” далели равшани ин гуфтаҳост.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавонзани 25-сола бо иттиҳоми дуздӣ хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, ҷавонзан дар тарабхонаи “Яккачинор” ба сифати пешхизмат кор карда, санаи 7-июн як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-51”-ро, ки моли яке аз мизоҷони тарабхонаи мазкур будааст, ба яғмо бурдааст. Мабағи зарари расонидашуда 3 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақмоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.