Ба қонунҳои федералӣ оид ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд, ки шуруъ аз 5-уми феврали соли 2025 эътибори қонунӣ пайдо мекунанд.
Аз ҳамин хотир, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз тамоми муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва дигар шаҳрвандони кишвар, ки нияти ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан ё бо сабаби дигар ба Русия сафар намуданро доранд, хоҳиш кардааст, ки худро дар "рӯйхати шахсони назоратшаванда"-и низоми махсуси ихроч (депортатсия) дар сомонаҳои mehnat.tj, migration.tj ва vkd.tj бисанҷанд.
Барои гирифтани маълумоти пурра дар ин хусус шумо метавонед ба телефонҳои зерин занг занед: 250-32-40; 250-32-09; 250-32-42; 225-05-95; 225-05-89; 225-05-77; 227-86-31; 221-98-12; 93-922-0684; 93-876-26-26