Иди саиди Фитр наздик аст. Албатта ҳар як зан мехоҳад, ки дар ин рӯзи барои мусалмонон муборак зебову хушгил бошад. Мехоҳед роҳҳои хеле осони пуртароват ва зебо гардонидани пӯсти рӯятонро бидонед? Пас мутаваҷҷеҳ бошед!
Аввали фасли баҳор бо офтоби сӯзонаш рӯйро хушку пӯстпарто месозад. Агар даст ба рухсора расонед, ба ҷои нафосат дуруштӣ эҳсос мекунед. Дар пӯсти баъзе бонувон доғҳои пигментӣ ва ожангҳои нав пайдо мешаванд ё ожангҳои кӯҳна чуқуртар ба назар мерасанд. Ин нишонаи он аст, ки пӯст аз таъсири нурҳои ултрабунафш азият кашидаву беоб гаштааст. Барои пӯсти аз офтоб сӯхтаву андаке шамолхӯрда ва аз офтоб хасташуда ниқобҳои нармкунандаи мевагӣ ва сабзавотӣ муҳим ҳастанд. Чунин ниқобҳоро ба таври анъанавӣ молидан мумкин аст. Онҳоро метавонед дар шакли шарбат ё атолла тайёр карда, ба пӯсти рӯятон молед.
Агар мустақилона пӯсти рӯятонро сафед карданӣ бошед, бояд усулеро интихоб намоед, ки зарарнок набошад, ҳар як воситаи интихобнамудааатонро аввал дар пӯстатон санҷида бинед. Реаксияи манфӣ пайдо нашавад ҳам, ҳангоми истифода дастурамалро риоя намоед. Малҳамҳои сафедкунандаи пӯст, ки аз ҷониби ширкатҳои косметикӣ ва фармакологӣ пешниҳод мегарданд, асосан аз симоб ва бисмут тайёр шудаанд. Ҳар қадаре дар таркиби малҳамҳо ин ду элементи кимиёвӣ зиёд бошад, ҳамон андоза таъсири зиёд мерасонад. Фаромӯш насозед, ки ин элементҳо заҳрноканду боиси пайдо шудани аллергия мегарданд. Малҳами таъсирбахш барои сафедкунонии пӯст дар асоси гидрохинон тайёр шуда, ниҳоят заҳрнок аст. Аз малҳамҳо танҳо бо маслиҳати духтури дерматолог истифода баред.
Пӯстро дар шароити хона низ сафед кунонидан мумкин аст. Бо ин мақсад лимӯ ё ҷавҳари лимӯро зиёд истифода мебаранд. Агар аз меваҳои ситрусӣ аллергия дошта бошед, аз ин усул даст кашиданатон лозим аст.
Шарбати як лимӯро бо сафедии як дона тухм, як қошуқча шакар ва ду қошуқча об омехта карда, ба пӯсти тозаи рӯятон молед. Ниқоби лимӯгиро дар пӯсти рӯй 30 дақиқа нигоҳ дореду баъдан бо об шӯед (бе истифода аз собун) ва малҳами нармкунанда молед. Ҳамагӣ 7 маротиба истифода намудани ин ниқоб (дар ду рӯз як бор) кифоя аст.
Ба баргҳои тару тозаи ҷаъфарӣ (петрушка) оби ҷӯшида рехта, дар оташи паст каме нигоҳ доред. Оби полонидашударо хунук кунонида, як қисмашро бо миқдори баробари шарбати лимӯ омезед. Мушкоби ҳосилшударо ба шишачае гирифта, ҳар саҳару бегоҳ баъди шустани рӯй ба пӯстатон молед.
Як бодиринги тару тозаро аз турбтароши сурохиҳояш хурд гузаронида, қаймоқ (сметана) ё малҳам илова кунед. Маҳлули омодашударо ба пӯсти қаблан тозанамудаи рӯй молида, 20 дақиқа нигоҳ доред. Ниқоби бодирингиро бе истифодаи воситаҳои шустушӯӣ шӯед. Чунин ниқобро давоми 10 рӯз ҳар рӯз ба рӯй молидан мумкин аст. Дар хотир доред, ки чунин ниқобро дурудароз нигоҳ доштан мумкин нест, ҳар дафъа ниқоби нав омода созед.
Як қошуқ баргҳои кӯфтаи ҷаъфарӣ (петрушка) ва ҳамин миқдор асалро якҷоя карда, ба рӯятон моледу пас аз 45 дақиқа рӯятонро шӯед. Ба ин малҳам шарбати лимӯ илова кардан мумкин аст. Дар ин сурат 2 қошуқ барги кӯфтаи ҷаъфарӣ, 2 қошуқ асал ва 2 қошуқ шарбати лимӯро омехта карда ба рӯятон моледу 15 дақиқа нигоҳ доред.