gazprom august 2025
Соҳибкорону сокинони Восеъ роҳҳои байни деҳаҳоро мумфарш мекунанд
12.09.2025
Oila.tj
68

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва саҳми фаъолонаи соҳибкорону сокинон беш аз 8 километр роҳи байни деҳаҳо мумфарш ва чароғон гардид.

Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳияи Восеъ, дар ҷамоати деҳоти Кадучии ноҳия айни замон бо ҷалби техникаҳои роҳсозӣ ва мутахассисону сокинон тахту ҳамворкунӣ, сангфаршкунӣ ва насби обравҳо дар канори роҳ идома дорад. Роҳи мазкур бо дарозии беш аз 300 метр ва паҳноии 6 метр бунёд мегардад, ки равуои сокинони ин мавзеъро дар ҳама фасли сол осон мекунад.

Инчунин аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ иншооти хизматрасонӣ ва толори варзишии ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза бунёд карда мешаванд.

Гуфта мешавад, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ бунёди 408 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта ва то имрӯз 220 адади он ба истифода дода шудааст. Иншооти нақшавӣ асосан самтҳои маориф, тандурустӣ, саноат, варзиш, сайёҳӣ, хизматрасонию савдо ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳимро фаро мегиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД