Formula novemver 2024
“Перловка” ҷисми инсонро ҷавон месозад
19.11.2024
Оила
190

 

Ҷави марворид “перловка”як навъ ғаллаи ҷав буда, одатан барои тайёр кардани шавла ва хӯроки дуюм истифода мешавад.Ин ғалладона солимтарин ҳисобида мешавад, аммо на ҳама метавонанд онро бихӯранд.

Дар таркиби ҷави марворид оҳан, калсий, магний, селен, ҳамзамон витаминҳои гурӯҳи В, А, D, Е, Н ва РР вуҷуд доранд. “Перловка” на танҳо саломатиро беҳтар месозад, балки бо вирусҳо мубориза бурда, ҷисмро ҷавон ва дар ҳолатҳои руҳафтодагӣ кумак мерасонад. Дар таркиби 100 грамми ин навъи ҷав 320 ккал ғизонокӣ мавҷуд аст. Он барои нафароне, ки қанди хунашон баланд аст ва модарони ширдеҳ беҳтарин ғизо аст.

Вале барои нафароне, ки бемориҳои рӯдаву меъда доранд, истеъмол кардани он тавсия дода намешавад, зеро боиси дамиш ва қабзияти шикам мегардад. Ҳамзамон “перловка” метавонад боиси пайдоиши аллергия гардад. Дар баробари ин, ба занҳои ҳомила истеъмоли он тавсия дода намешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД