formula feb 2025
Паймони шикаста (ҚИСМИ 2)
1975

Офтоби паси абр

Шавҳарам ба вазифаи баландтар гузашту маоши хуб мегирифт, ман низ, мизоҷони доимии худро доштаму зиндагиямон хуб пеш мерафт. Хонаи дуҳуҷрагиямонро ба сеҳуҷрагӣ иваз кардем, зеро писаронам калон шуда буданд. Писари калониям донишгоҳро хатм карду ба кор даромад, бо падараш маслиҳат карда, келин ёфтем. Писарам тангии хонаро баҳона карда гуфт, ки зан намегирам. Аммо шавҳарам ба ў ваъда дод, ки баъди фарзанддор шуданат, якҳуҷрагие харида, рўзгоратро ҷудо мекунам. Ҳамсарам дар давоми даводави тўй хеле меҳрубон шуда буд, ман ўро ҳеҷ гоҳ ин гуна хурсанд надида будам. Гумон доштам, ки хурсандияш аз тўйи дар пеш истода аст, вале…

Ман то нимаҳои шаб дар айвонча пероҳанҳои фармудаи мизоҷонамро медўхтам, баъзан монда шуда, ҳамон ҷо хобам бурда мемонд. Шавҳарам ба ин одат карда буду пеш аз ман хоб мекард ё дар хонаи хоб бо роёнааш (компютер) банд буд. Ман медонистам, ки ў бисёр корҳояшро дар хона анҷом медиҳад, барои ҳамин, халал намерасондам. Як шаб фармоиши таъҷилӣ доштаму то соати сеи шаб кор кардам, миёнам сахт ба дар омад, аз ин рў, доруи бедардкунандае хўрда, хостам ду-се соат ҳам бошад, дар ҷойгаҳи мулоим хоб равам. Нӯг нӯги по ба назди дари хонаи хоб рафта, овози шавҳарамро шунидам, ки мегуфт: “Ҳеҷ куҷо намеравӣ, рўзи шанбе худам бурда мемонам. Ту медонӣ, ки агар бо таксӣ равӣ, ман талхакаф мешавам, занакҷон медонӣ -а, гапи ман якто”…

Ман аз пушти дар пас гаштам, зеро ба хона даромада, ҳарфи зиёдатие мегуфтам, ҷангу ҷанҷол мешуду хоби фарзандонам ҳаром мегашт…

Марди майдон

Ҳамин тавр, чанд бори дигар шоҳиди гапзании ҳамсарам бо «занакҷон»-аш шудаму аз вай пурсидам, ки мабодо маъшуқа ё зани дигар нагирифта бошад? Ў чунон маро зери мушту лагад кашид, ки як моҳ бо чашму рўйи сиёҳ гаштам. Дигар гапамро бо вай ҳайф накардам, зеро дилам аз шавҳари ҷоҳилам ба тамом монд. Ҳарчанд гапзанияшро дар хона бас карду нимаҳои шаб берун баромада, як соат гум шуда, «ҳавои тоза» хӯрда меомад, дигар кордораш нашудам, вале рўзи тўйи фарзандам сирри ўро фаҳмидам…

Тўйи писарам дар тарабхонаи бонуфузе барпо гашт, меҳмонон аз дуру наздик ташриф оварданд. Шавҳарам чун ҳарвақта бо либосҳои қимматбаҳои зебо ва карру фари ба худаш хос ду даст пеши бар, меҳмононро “хуш омадед” мегуфту ким чӣ хел беқарор буд. Бояд бигўям, ки ў бо гузашти солҳо каме фарбеҳ шуда, марди босалобату дидание шуда буд. Мани харобу асабинамо дар назди ў пиру фарсуда метофтам… Меҳмонҳо ҷо ба ҷо шуданд, домоду арўс низ, зери садои карнаю сурнай ба тахти бахташон нишастанд. Ҳамин вақт, як зани болобаланди соҳибҷамол, ки либосҳои зебо дошт, вориди толор шуду шавҳарам бо хушнудӣ ба пешвозаш шитофт. Зан бо ҳамсарам гарм вохўрӣ карда, дар гўшаш чизе гуфт, ки ў норозиёна ба атроф нигаристу бо чашмонаш маро ёфта, пешашон даъват кард. Зан бо табассуми зебо ба ман нигарист.

- Ин кас оилаи ман, шинос шавед, ин кас Дилором ҳамкорамон…

Эҳсос кардам, ки овози шавҳарам меларзад. Зан лифофаеро ба дасти ман дода, гуфт:

- Муборак шавад, янгаҷон!

Ман одоби меҳмондориро риоя карда, ўро хушомадед гуфтам, шавҳарам аз чӣ бошад, ўро на ба назди ҳамкоронаш, балки ба мизи як ҳамкурси мансабдораш бурда шинонд…

Бо эҳтиром, ФАЙЗИЯ

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД