Arzon march 2024
Паймони шикаста (ҚИСМИ 1)
2043

Духтараки гапдаро

Ман дар деҳоти дурдасти кўҳистон ба дунё омадаам. Дар оилаи серфарзанди миёнаҳоламон байни даҳ нафар аз ҳама хурдӣ будам. Дар хонаи мо кору бори рўзгор баробар тақсим буданд, ҳатто ба мани кенҷадухтари хурдакак низ кор мерасид. Бинобар ин, ҳунарманду меҳнаткаш ба воя расидам. Солҳо турнасон аз фазои умри мо мегузаштанду ман қад кашида, ба воя мерасидам, шаш бародарам соҳиби хонаву дари худ шуда, манзили падариро тарк карданд. Як акаам бо мо монд, баъд ду апаам низ шавҳар карданду навбати ман расид. Хостгоронам зиёд буданд, лекин волидонам бо як хеши дурашон қудо шуданду ман бо як нафар ҷавони бароям тамоман бегона издивоҷ намуда, ба деҳаи ҳамсоя рафтам. Аҳли оилаи шавҳарам маро хеле хуб қабул карданд, худам низ шабу рўз дар хизмати онҳо банд будаму бо омадани хурдтарин аъзои оила аз ҷоям хеста, хизматашонро ба ҷо меовардам.

Зиндагӣ дар шаҳр

Шавҳарам як ҷавони харобаки безебак буд, азбаски касеро дўст намедоштам, ба ў меҳр бастам. Ў ба ман муносибати хуб дошт, вале асабӣ шавад, доду фарёду ҳақорат мекард. Ин гуноҳашро низ нодида гирифтам, зеро ба қавли хушдоманам «кадом мард ҳақорат намекунад»… Азбаски шавҳарам донишҷў буд, маро ҳамроҳаш ба пойтахт овард, мо дар хобгоҳ зиндагӣ мекардем. Шавҳарам пас аз дарс дар корхонае ба ҳайси муҳосиб кор мекарду зиндагиямон як навъ мегузашт. Писари калониямро таваллуд кардаму чанд моҳ дар деҳа мондам, хусурам дид, ки бо кўдаки хурдсол дар шаҳр азоб мекашем, тамоми пасандозашро ҷамъ карда, дар як гўшаи шаҳр бароямон хонаи якҳуҷрагӣ харид. Шавҳарам ҳам мехонд, ҳам кор мекард, ман бошам, ба тарбияи фарзандам машғул будам. Мо гоҳ серу гоҳ нимсер, зиндагиро пушти сар мекардем. Писари дувумам ба дунё омаду шавҳарам низ донишгоҳро хатм карда, дар корхонаи бонуфузе ба кор даромад. Писаронам калонакак шуданд, онҳоро ба боғчаи бачаҳо монда, назди дўзандае шогирд истода, нозукиҳои касби дӯзандагиро омўхтам. Зеро медидам, ки бо як маоши шавҳарам зиндагиро пеш бурдан душвор аст. Дар наздикии бинои истиқоматиамон дўкони дӯзандагие буд, ҳамон ҷо ба кор даромадаму мизоҷ ҳам ёфтам. Акнун, зиндагиямон каме обод шуд, хонаамонро таъмир кардем, баъзе ҷиҳози нав харидем.

Худхоҳ

Пули хуб меёфтам, баъзан ба шавҳарам ҳам пул медодам. Шавҳарам тамоми хароҷоти зиндагиро ба зиммаи ман гузошту худаш бо қарзу қавола ва пули ҷамъкардааш мошини қиматбаҳои хориҷӣ харид. Бояд бигўям, ки шавҳарам худашро бисёр дўст медошту дўст медорад. Агар худхоҳии ў ба дараҷаи олӣ намебуд, ба ҷойи мошин хонаамонро кушодтар мекард. Ман ба ў гуфтам, ки “дадаш, биё ин хонаи тангро фурўхта, пул зам карда, хонаи кушодтар харем, бачаҳо калон шуданд”, аммо ў чун ҳарвақта борони ҳақоратро болои ҳафт пушти ман рехту ҳатто як ду лагад ҳам зад. Ростӣ, аз шавҳарам сахт метарсидам, зеро баъди ба шаҳр омадан тамоман асабӣ шуда буду барои як гапи оддӣ то хуншор кардан, маро мезад ё ҳақоратҳои фаҳш мекард. Дигар чизе нагуфтам, ҳамин тавр мо понздаҳ сол дар як хоначаи танг зиндагӣ кардем ва баъд, ҳамсарам хонаи дуҳуҷрагие харид. Ман ба дағалию ҳақоратҳои шавҳарам одат карда будам, ҳарчанд хусуру хушдоманам то дами марг ўро насиҳат мекарданд, ки ба қадри ман расад. Вале, ин марди ҷоҳил чуноне буд, ҳамон хел монд, аммо…

Бо эҳтиром, ФАЙЗИЯ

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД