arzon replenishment
Пайкони дуо (ҚИСМИ 2)
1266

Солҳо мегузаштанду Зебо акнун бо хушдоман як ба як мезад, Носир аксар вақт думболи корҳо буду дар набудани ў, ба аммааш рўзашро нишон медод, келини шайтонсират. Зебо пайи ҳам чор кўдаки ноқисақлу бемор тавлид кард, ду писару ду духтараш ҳама ақли кам доранду биноияшон суст буда, гавҳараки чашмонашон беист меҷунбанд, вале ин ба ин шогирди шайтон дарс нашуд.

Усулҳои нигоҳ доштани шавҳар

Дар оилаи Амрулло се духтар ва шаш писар ҳастанд ва ҳар се духтар дар кадом хонае келин шуданд, он хонаро вайрона карданд. Апаҳояш ба Зебо маслиҳат медоданд, ки барои нигоҳ доштани шавҳараш (онҳо метарсиданд, ки Носири серпулу зебо ба хотири фарзандони солим зани дигар мегирад) боз таваллуд кунад. Зебо бо ҷодугарон сарукор дошта, ҳамеша шавҳарро ҷоду мекард, то дар фикри гирифтани зани нав нашавад. Бечораи Носир дилаш ба ҳоли тифлакони бемораш месўхту ҳатто ба гўшаи хотир ҳам гирифтани зани навро намеовард, вале Зебои бадгумон ақидаи худашро дошт.

Зебо аз рўйи панду насиҳати апаҳояш амал карда, боз ҳомила шуд. Дар давраи ҳомилагияш ҳам, аз аъмоли бадаш даст накашид.

Тири дуо

Зебо дар макру ҳилла гум буд, ҳангоми дар хона будани Носир гирди хушдоманаш парвона мешуду “аммаҷон, чӣ мехўред, чӣ биёрам?” мегуфт. Кампир ба келини буқаламунаш нигоҳ карда, гиребон мегирифт, наход одам ба ин дараҷа дурўяву шайтон бошад! Аммо ҳеҷ гоҳ ба писараш шикоят намекард, зеро ба симои коркӯфтаву ғамгини писари паҳлавону нозанинаш нигариста, дилаш хун мешуд. Ў медид, ки Носир ба кўдакони бемораш дурудароз нигариста, чашмонаш ғарқи об мешуданд, бисёр вақт хўроки дар наздаш буда хунуки ях мешуду ў нахўрда хоб мерафт.

Як рўз кампири Сафармоҳ, ки акнун хуб роҳ рафта наметавонад, аз рўйи кат сўйи бачаҳои ҳамсоя, ки ба боғ даромада, гелосҳои нав ранг овардаро мечиданд, овоз баланд кард. Бачаҳо овози кампирро, ки “монед, пазад, баъд мехўред” мегуфт, шунида, пароканда шуданд. Ин ба Заъфарон - духтари ноқисақли Зебо маҳқул нашуду пеши модараш омада, гирист, ки дугонаҳояш қаҳр карда рафтанд. Аслан, бачаҳои ҳамсоя ба ивази пора бо кўдакони Зебо бозӣ мекарданд.

Зебо бо овози баланд гуфт: “Хай, чӣ кор кунам, рўзи дароз болои кат нишаста, саг барин мечакад…”.

Кампири Сафармоҳ инро шунида, гуфт: “Худоё, Худовандо, ин дафъа саг бизоӣ, то шабу рўз биҷакад!”.

Зебо “бо дуои кўрмуш ҳаво намеборад” гўён, кампирро писанд накарда, хонаи ҳамсоя, ки дугонааш буд, рафта, бегоҳ баргашт.

Кампир ҳам паст наомада, посух дод, ки ҳамин «борон»-и балои ба сарат рехта аз дуои ҳамин кўрмуш аст…

Пас аз расидани моҳу рўзаш Зебо се шабу се рўз дард кашида, писар таваллуд кард, писарак чашм надошт, умуман…

Инак, Қудратулло сесола мешавад, на гап мезанад, на роҳ мегардад, на мебинад, на мешунавад, фақат мегиряд, гиряаш ба нолаи саг монанд аст. Кўдак танҳо баъди гирифтани сўзандору каме хоб меравад, боқӣ мегиряд…

Зебо бадтар асабию ҷангара шудааст, кампири Сафармоҳ аз дуои кардааш садҳо бор пушаймон аст, аммо тири аз камон ҷастаро баргардонидан мумкин аст?!

Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД