Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва ба додгоҳ ирсол шудани парвандаи ҷиноятии Фотима Ҳафизова, сардори Кооперативии тиҷоратии «Акбархуҷа»-и ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон хабар дод.
Фотима Ҳафизова бар асоси қисми дуюми моддаи 247 ба қаллобӣ ва бар асоси моддаи 338, иловаи яки Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба фурӯши худсаронаи замин айбдор мешавад.
Бино ба гузориши маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия, “Ҳафизова Фотима Маҳмадиевна дар вазифаи сардори Кооперативии тиҷоратии «Акбархуҷа»-и ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон кор карда истода, моҳи июни соли 2020 бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Қарақулова К.Б. барои аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Акобир»-и ноҳияи А.Ҷомӣ ҷудо карда додани 0,10 га. қитъаи замин, маблағи 4500 сомонӣ талаб карда гирифта, тасарруф намудааст.”