Хона не, дӯзахи рӯйи замин!
Салима дар оила духтари калонӣ буд. Падару модараш зиндагии хоксорона дошта, ба қавле бо обу чапотӣ рӯз мегузарониданд. Фарзандонаш нони хӯрдан надошта бошанд ҳам, Маҳмуд мисли бойбачаҳо рӯзашро дар дари майкада гузаронида, маоши ночизашро пурра сарфи шароб мекард. Рӯзе набуд, ки ҷисми ниммурдаю нимзиндаи Маҳмуди масту аластро аз қади кӯча ё даруни ҷӯйбор ёфта, кашолакунон ба хонааш наоранд. Бечора бачаҳояш аз шарми падари майзадаашон дар кӯча сар бардошта гашта наметавонистанд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ба болои ба хона як бурда нон наоварданаш ин марди бадмаст ҳар рӯз ҷангу ҷанҷол бардошта, зану фарзандонашро мезад ё боз ягон қилиқи дигар карда, ҷонашонро ба лабашон меовард. Худованд, агар ягон рӯз ташфиқаш диҳаду шароб нанӯшида, ба кор равад, он рӯз барои аҳли оила ид буд. Ҳалимаю фарзандонаш нафаси сабук мекашиданд, ки як рӯз ҷонашон меосояд, вале ҳамин, ки Маҳмуд аз кор баргашт, боз мисли мори афъӣ ба неш задан медаромад ва доду фиғони аҳли оилааш ба фалак мепечид. Мардуми деҳа аз ҷангу ҷидоли ин оила безор шуда, хонаи Маҳмудро «дӯзахи рӯйи замин» ном ниҳода буданд. Салимаи бечора дар ана ҳамин дӯзах ба воя расида бошад ҳам, духтараки босавод, бамаънӣ ва бисёр ҳунарманду меҳрубон буд, вале…
Парии ланг
Худованд ба Салима ганҷи ҳуснро фаровонӣ ҳадя карда буд. Рӯйи барфсон сафед, чашмони сиёҳи бодомӣ, абрӯвони чун пари зоғ сиёҳ ва мӯйи дарози то замин расидааш дили ҳар бинандаро обу адо мекард. Духтари аз парӣ ҳам зеботар буд, вале як нуқсони модарзод дошт - пояш андак мелангид. Маҳмуд намехост Салима баъди хатми мактаби миёна таҳсилашро дар ягон донишгоҳ ё донишкада давом диҳад, вале ҳамсараш Ҳалима «духтарамон нуқсон дорад, кӣ медонад, ки ояндааш чӣ мешавад, мабодо дари бахташ кушода нашавад, баъд аз сари ману шумо вай дар кӯча мемонад» гӯён, ӯро ба гап даровард ва давутози бисёре карда, фарзандашро ба коллеҷи тиббии ноҳия дохил кард. Салима Худоро шукр мегуфт, ки соҳиби касбу кор шуда, дар оянда аробаи зиндагиашро мустақилона мекашаду ба касе зор намешавад, аммо аҷузаи тақдир санги пинҳонӣ дар бағал ба ҳоли ин духтараки орзупарвари деҳотӣ механдид…
Ишқи аввал - ғурраи сармозада
Салима ҳар саҳар мисли фаришта зебо шуда, бо дили моломоли орзуҳои ширин ба дарс мерафт. Дар коллеҷ ҷавоне аз ҳамсоядеҳа ба ӯ дил баста буд ва ҳар рӯз ба гӯшаш қиссаи ишқу муҳаббат месуруд. Ҷавонон бо ҳам аҳду вафо баста, савганд ёд карда буданд, ки то охири умр якҷоя мемонанд, вале падару модари Салима бехабар аз достони ишқи духтарашон домоди муносиб меҷустанд. Маҳмуд мехост духтарашро ба писари апааш ба шавҳар диҳад, дили ҳамсараш Ҳалима бошад, ба писари акои худаш кашол буд. Ҷиянаш Мурод бачаи авбошсурат буда, ҳатто падару модари худашро писанд намекард, вале пулёб буданашро дида, Ҳалима мехост духтарашро маҳз ба ҳамин ҷавони ба қавли худаш «чашми кордон» ба шавҳар диҳад, то ягон ҷавонмарди мисли падараш барин ноуҳдабароро гирифта, амсоли модараш умре ба як бурда нон зор нашавад…
Хостгории тақдирсӯз
Барои пули тӯяшро ҷамъ кардан, Мурод ба Русия сафар карду баъди чанде хабар омад, ки дар он ҷо ба номуси кадом як духтари рус дастдарозӣ намуда, ба маҳбас афтодааст. Ин хабар деҳаро такон дод. Мардум пичир-пичиркунон мегуфтанд, ки ҷазои бачаи авбош ҳамин аст, акнун дар кунҷи зиндон пӯсида меравад, вале падари Мурод тамоми ёфту тофташро сарф намуда, писарашро аз ҳабс озод кард. Зану шавҳар маслиҳат карданд, ки барқасди душманон тӯйи осмонкаф ороста, писарашонро зан медиҳанд, шояд баъди хонадоршавӣ ақли Мурод ба сараш зада, бачаи хуб шавад. Бо ҳамин мақсад падари Мурод гӯсфанди калонеро пешандоз карду модараш лаълии пур аз кулчаю тӯшаро бардошта, ба хонаи Ҳалима омаданд. Падару модари Салима меҳмонҳои худиро бо лаби пурханда пешвоз гирифтанд ва хостгориашонро бо ҷону дил пазируфта, обу иззати бисёре карда, гусел намуданд. Баъди рафтани тағову янгааш Салима гиряву нолаи бисёре карда, гуфт, ки вай ба Мурод нафрат дорад ва намехоҳад риштаи тақдирашро бо ин ҷавони авбошу таҷовузкор пайваста, худро як умр бадбахт созад, вале фиғони дили духтар ба дили сангини падару модараш асар накард.
«Ту, чӯлоқро бо ин ҳолат дигар кӣ ба занӣ мегирад?! Иллати ту пойи лангат, иллати Мурод бошад, зиндон шуданаш, ҳарду ба ҳамдигар муносибед! Дониста бош, як бори дигар даҳонатро кушода, ба Мурод намерасам гӯӣ, пӯстатро зинда ба зинда аз танат меканам, духтар!»,- таҳдид намуд модараш.
Суханони модараш аз ҷавшани ҷони Салима гузашт, вай ягон бор ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам наоварда буд, ки рӯзе очааш, шахсе, ки ӯро ба дунё овардааст, иллати модарзод, пойи лангашро таъна мезанад.