Марди ҳиндӣ Хар Паркаш Риши ба хотири ба даст овардани рекорди ҷаҳонӣ тамоми дандонҳояшро канда партофтааст. Ин марди 74-сола дар даҳонаш 496 нойчаи нӯшокинӯширо ҷойгир карда тавонистааст. Дастоварди дигари ин мард ба даҳонаш панҷоҳ шамъи афрӯхтаро ҷой кардани ӯст. Ба ғайр аз ин рекордҳояш Риши дар рӯй ва баданаш холкӯбиҳои гуногун дорад ва 366-тои ин холкӯбиҳо акси парчамҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон аст.