Sebiston new 2024 october
Панҷ: Сайёҳати хунуни оилаи Ҷангиевҳо
4249

Саёҳати хунини оилаи Ҷангиевҳо

Сайри кӯҳ ба сари 12 нафар фалокат овард
Сайри кӯҳсор ба сари аҳли як хонаводаи сокини деҳаиТурдишайхи ноҳияи Панҷ фалокати бузурге овард. Тавре Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст, аҳли оилаи Ҷангиевҳо бо нияти сайру тамошо ба кӯҳ баромада, ҳангоми бозгашт мошинашон ба ҷариии чуқуриаш150 метр чаппагардон шудааст.
Онҳо ба қуллаи кӯҳ баромада дар оғӯши табиати биҳиштосои сабзу хӯррам базми шоҳона оростанд. Кӯдакон мисли кабкчӯҷаҳои нағмахон шӯхиву бозӣ мекарданд, калонсолон бошанд, ҳезум ҷамъ карда, гулхан афрӯхтанд ва хӯрок пӯхта, дар сари дастурхони пурнозу неъмат латифаю базлагӯӣ карда механдиданд, вале қарибиҳои нисфирӯзӣ вазъи ҳаво тағйир ёфта, якбора дар осмон абрҳои тира пайдо шуданд. Лаҳзае нагузашта борон сар шуд.
Ҳаво гӯё мотам гирифта бошад, чунон бошиддат меборид, ки дар як лаҳза замину замон пур аз об шуд.
Боридани сел айши сайёҳонро талх гардонд ва саросемавор чизу чораашонро ҷамъ карда, ба мошин нишастанд. Зоирҷон Ҷангизода сари чамбараки мошин нишаста, муҳаррикро ба кор даровард, то ки аҳли оилаашро сиҳату саломат ба манзил расонад, вале...
Селборон хоку лойи зиёдеро шуста оварда буд ва мошин лағжида ба дарахти писта бархӯрд, баъд ба ҷарие, ки қаъраш 150 мерт чуқур буд, сарозер рафт.
Дар натиҷаи ин фалокат ноболиғ Амонов Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид, дигар азъоёни оила аз ҷумла Ҷангизода Зоирҷони Ҳошим, соли таваллудаш 1994, сокини деҳаи Турдишайхи ноҳияи Панҷ, Ҷангиева Нилуфар, соли таваллудаш 1996, Шаҳлои Қудратулло, соли таваллудаш 1997, Ҷумъаева Фазилат, соли таваллудаш 1972, Амонзода Ҳақдод, соли таваллудаш 1991, Закияи Зоир, соли таваллудаш 2019, Ҷангизода Наимҷон, соли таваллудаш 2017, Ҳакимова Дилхо, соли таваллудаш 2005, Ёсумани Ҷангизода, соли таваллудаш 2015, Ҷангизода Райҳона, соли таваллудаш 2017, Амонзода Фирӯз, соли таваллудаш 2019 ва Амонов Некрӯз, соли таваллудаш 2017 ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.
Аз ҳамин хотир мо аз тамоми сокинони кишвар хоҳиш мекунем, ки ҳангоми ба сайру тамош рафтан эҳтиёткор бошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД