arzon replenishment
Палонҷам кӯдаконамро аз хонаашон ронд… Қисми 2
30.05.2024
ОИЛА
1413

Палонҷ

Мо акнун дар як ноҳияи наздикии пойтахт зиндагӣ мекардем, хусурам бо даводави зиёд дар Душанбе барои мо хонаи сеҳуҷрагӣ гирифт. Мо ба он ҷо кӯч бастем, баъди ду моҳи зиндагии мустақиламон шавҳарам зан гирифту ба ҳавлии падарияш бурд. Акнун ӯ доим бо зани ҷавонаш буд. Вақте зани дуввумаш барои ӯ ду писари солим таваллуд карду ҳеварамро хонадор кардем, хусурам аз олам гузашт. Акнун ман такягоҳе надоштам, палонҷам ду пояшро ба як мӯза тиқонда, аз шавҳарам талаб кард, ки талоқи маро диҳаду ӯро ба хона биёрад ва кӯдаконамро худаш нигоҳубин кунад. Хона ба номи шавҳарам буд, баъди судбозиҳои зиёд маро низ дар он ҷо маскун карданд, вале ман тоқати ҷангу ҷанҷолҳои палонҷамро накардаму кӯдаконамро гирифта, ба хонаи додарам рафтам. Янгаам қиёматро қоим кард, ки хонаи ман барои ту инвалидхона нест! Боз баргаштам ба назди палонҷ, ин ҷо на ман рӯз доштаму на духтарҳоям, шавҳарам низ ба фарзандони хунии худаш он қадар бераҳм буд, ки намедонистам додамро ба кӣ гӯям. Як дугонаи солҳои кӯдакиям дар Русия қаҳвахона дошту гоҳ-гоҳ ба ману кӯдаконам ёрӣ мерасонд, мо телефонӣ сӯҳбат мекардам. Гулноз маро наздаш хонда гуфт, “биё, кор кун ва баъд аз шавҳарат ҳиссаи худро гирифта, барои худату духтаронат як хонаи беминнат бихар!” Як ҳафта андеша кардам ва билохира розӣ шудам.

                               Худобехабар

Рустам бо ман умуман гап намезад, ман маҷбур шудаму ба Заринаи палонҷам гуфтам:

-Хоҳари азиз, ин хонаро хусурам барои ду набераи маъюбаш харида буд, афсӯс худобехабарии писарашро намедонисту онро ба номи ӯ кард. Акнун онро шумо соҳиб шудед, ману духтаронам ҳам инҷо ҳақ дорем. Ман ба Русия коркунӣ меравам, каме маблаѓ ҷамъ карда бармегардам, баъд шумо нимаи ҳаққи маро мехареду ман бо фарзандонам аз зиндагии шумо нест мешавам. Зарина бо ахми рӯ маро гӯш карду розӣ шуд, ман тифлакони бемору муҳтоҷамро гузошта, бо чашми гирён ба Русия рафтам, ҳар шаб занг мезадам, аммо касе гӯширо намебардошт. Хулоса, шаш моҳ кор кардаму боз Гулнозу дӯстонаш ёриям расониданду ба Ватан баргаштам. Як соат пушти дари хонаам занги дарро пахш кардаму баъд Зарина дарро кушод. Ман бо сумкаҳои пурбор ба хона даромадам, хонаи духтараконам холӣ буд. Зарина гуфт, ки зӯрам нарасиду онҳоро ба хонаи маъюбон супоридам. Ман дар ҳолати шок будам, баъди каме бо ҳамон сумкаҳои пурбор ҷониби хонаи маъюбон роҳ пеш гирифтам. Духтараконамро он ҷо ёфтам, онҳо маро дида, шодӣ мекарданду ба таври худ меҳрубонӣ менамуданд. Назди директори хонаи маъюбон даромада, тамоми фоҷиаи зиндагиямро нақл кардам, ӯ маро ба кор гирифт. Ман ду сол ба ҳамқисматҳои фарзандонам хизмат кардам, болои маблаѓи доштаам мабалаѓи дигар ҷамъ кардам, аммо барои хона намерасид ва боз Гулноз ба ёриям расид.

                               Бародар ё дӯст?

Додарам, ки мо ҷон ба ҷони ҳам будем, мисли шавҳарам ѓуломи занаш буду аз аҳволи ман хабар надошт. Ман Худоро шукр мекардам, ки паҳлӯи духтаракони бепаноҳам қарор дорам. Як рӯз Гулноз занг зада гуфт:

-Ҳумайроҷон ту дар Душанбе соҳиби хонаи дуҳуҷрагӣ шудӣ, табрик мекунам, фардо ҳуҷҷатҳоятро гирифта, ба фалон ҷо рав…

Шаби дароз гиристам, шукронаи Худои бузургро мекардам, барои ин лутфи ногаҳонияш. Як тоҷики сарватманд, ки ҳатто ба гуфтани номаш иҷозат надодааст, закоти молашро барои ман хона харидааст. Саргузашти талхи маро ба ӯ шавҳари Гулноз, ки дӯсташ будааст, нақл намудааст. Соҳиби хона шудам, бо пулҳои дар даст доштаам ду маѓоза кушодам, шукри Худо имрӯз соҳиби ҳама чиз ҳастам, Фарзонаам ба бемори саратони хун гирифтор шуда гузашт, аз ятимхона писаракеро ба тарбия гирифтам. Саъдиҷони ман дар синфи якум мехонад, Фаронаро чун гавҳараки чашм нигоҳ мекунам. Духтаракам зуд-зуд бемор мешавад, ман ҳама талошро барои беҳбудии зиндагии ӯ мекунам. Ними пули аз тиҷорат ёфтаамро ба хонаи маъюбон хайр мекунам, дар роҳу ризои Худо. Худое, ки маро напартофт, дар нимароҳ намонд, Худои ман!

                                                                     Ҳумайро

                                                                   Таснифи

Рухсора Саид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД