Нози хонадон
Падарам сардухтури як ноҳияи калон буд, модарам муаллима, аҷаб зиндагии шоистае дошем. Дар оила мо ду нафар, ману додарам ба воя мерасидем, падарам маро хеле зиёд дӯст медошту очаҷонам меномид. Мегуфт, ки духтарам ба модари раҳматиям хеле монанд аст. Мо хеле хуб мехондему зиндагиямон танҳо аз шодиҳо иборат буд. Падарам дӯстони зиёде дошт ва хонаамон сермеҳмон буд, мани ба қавли модарам нози хонадон ёрирасони модарам будам. Модарам хеле зани оқила буду маро наздаш шинонда насиҳати зиёд мекард, ӯ ҳамеша мегуфт:
-Духтарам, зиндагӣ шебу фарози зиёде дорад. Ту дар баробари хонданат бояд аз тамоми ҳунарҳои занона баҳравар бошӣ, зеро рисолати зан гарм нигаҳ доштани чароѓи хонадон аст. Чароѓ рамзист нози оча, яъне гарм нигаҳ доштани оташдон. Мардҳо ба гурба шабоҳат доранд, онҳо навозишу ситоиш ва бамазза хӯрданро дӯст медоранд, аз ин рӯ, зан бояд аз ҳад меҳрубон ва баҳунар бошад. Шояд ту ҳайрон мешавӣ, ки чаро мардҳо? Ҳа ҷони оча, ҳайрон нашав, зеро зиндагии зан бе мард маъное надорад. Зан хоҳ шоҳ аст, хоҳ вазир, бояд дар итоати шавҳар бошад. Сарвазири вақти Британияи Кабир Маргарет Тэтчер, зани як челонгари оддӣ буд, ӯ субҳи барвақт барои ҳамсараш қаҳва тайёр мекарду субҳона ва баъд ба кор мерафт. Ин занро бонуи оҳанин меномиданд, аммо бонуи оҳанин ҳам пеши мард сар хам мекард.
Ман дар тарбияи чунин модари хуб ба воя расидаму баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи омӯзгорӣ супорида, донишҷӯ шудам, аммо…
Келини раис
Хостгорони ман аз мӯйи сарам зиёд буданд, аммо падарам мегуфт, ки то духтарам дипломашро ба даст нагирад, ӯро ба шавҳар намедиҳам. Зӯр ҳам зӯру хотир ҳам зӯр гуфтаанд ва як дӯстии ҷонии падарам маро барои писараш хостгорӣ омад, писари ӯ низ донишҷӯ буд. Дӯсти падарам раиси ноҳияи мо буду маро хуб мешинохт. Баъди хатми курси аввал тӯйи мо баргузор гашту ман ба шуъбаи ѓоибона гузаштам, Рустам ҳамоно донишҷӯ буду панҷ сол мо зиндаҷудо будем. Ман дар ягон ҷо кор намекардам, зеро хусуру хушдоманам инро намехостанд, дар хонаи сермеҳмони онҳо вақти сархорӣ намеёфтам. Ду апаи шавҳарам оиладор буданду зиндагии худро доштанд, додари шавҳарам дар мактаби миёна мехонд. Хешу таборон, ҳаққу ҳамсоя, дугонаҳом ба ман бо ҳавас менигаристанд, “бахтро бинед, келини раис!” Ман шавҳарамро дӯст медоштам, ҷавонмарди болобаланди зебо ва меҳрубон буд, хусуру хушдоманам ҳам бо ман хеле муносибати олӣ доштанд, аммо ман зиндагии дигаргунатар мехостам. Мехостам кор кунам, ба кӯдакон дарс диҳам, аммо ѓоибона хондаму дипломамро гирифтам. Рустам донишгоҳро хатм карда, ба кор даромад ва баъди панҷ соли зиндагии якҷояамон ниҳоли қомати ман бор овард.
Ҳосили зиндагӣ
Фарзанди нахустинам ба дунё омад, духтараки фариштасимоям дунёи маро куллан дигар кард, ман шабу рӯз банди ӯ будам. Як сол баъди Фарзона Фаронам ба дунё омаду ман мисли модари дугоникдор будам. Хусурамро акнун дар ноҳияи дигар раис монданду мо ба он ҷо кӯчидем, хушдоманам барои сабукии кори ман хизматгор гирифт ва ман пурра ба тарбияи фарзандонам банд шудам. Духтаронам рӯз аз рӯз калон мешуданд, вале ба ҳамсолонашон монанд набуданд, маҳзуну ким чӣ хел метофтанд. Баъди муоинаи духтур маълум шуд, ки онҳо ҳам каранду ҳам гунг, бар замми ин, ақлашон ҳам нуқс дошт. Маро танҳо он модароне мефаҳманд, ки тифлакони маъюб доранд. Як моҳ ба худ наомадам, вале баъд ба тақдирам тан додаму ба духтараконам дода шудам. Медонистам, ки онҳо ѓайри ман касе надоранду ба касе даркор нестанд. Дили хусурам ба онҳо месӯхт, вале хушдоманам муносибаташро бо ман дигар кард, духтурҳо ҳам дигар таваллуд карданро ба ман манъ карданд. Дар ин миён ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд, падарамро куштанд, модари ҷигархунам аз пайи ӯ бемор шуду аз ин дунё рахти сафар баст. Дар ҳавлии падарӣ додарам бо зану фарзандонаш мезист, янгаам ба ман рӯйи хуш намедод, агар тифлаконамро гирифта равам, ӯ кӯдаконашро ба хонаи волидонаш мефиристод. Инҳо метарсанд гуфта, худаш ҳам ба ману кӯдаконам наздик намешуд. Кудакони ман безарар буданд, даводави зиёд намекарданд, мехӯрданду мехуфтанд, ақлашон ба чизи дигар намегирифт. Ин ду кӯдаки бадбахт бозичаи якдигар буданд, инаш сари инашро шона мекард, бо лафзи худашон гап мезаданд, дили ман бошад, косаи хун буд.
Давом дорад