arzon replenishment
Пагоҳ "Истиқлол"-у "Ал-Дуҳайл" дидор доранд
1068

Пагоҳ, 19 сентябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар баргузор мешавад.

Имрӯз бо ин мақсад ҳайати «Ал-Дуҳайл» ба шаҳри Душанбе омад. Меҳмононро дар фурудгоҳ мизбони ин вохӯрӣ – намояндагони «Истиқлол», ФФТ, Сафорати Қатар дар Тоҷикистон ва хабарнигрон пешвоз гирифтанд.

Сармураббии дастаи «Ал-Дуҳайл» Эрнан Креспо ба ин вохӯрӣ 22 бозингарро бо худ овардааст, аммо дар миёни онҳо Филипе Коутино нест. Ӯ бо сабаби осеби бардоштааш дар ин бозӣ иштирок карда наметавонад.

Имрӯз бо иштироки комиссари бозӣ, нозири доварон, намояндагони дастаҳои «Истиклол» ва «Ал-Дуҳайл» ва кормандони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дигар масъулин нишасте доир шуда, масъалаҳои ташкилӣ оид ба вохӯрии дарпешистода баррасӣ гардиданд.

Қарор шуд, ки мизбонони рақобат бо пироҳанҳои сурх ва дастаи меҳмон бо либосҳои хокистарранг, ба майдон мебароянд.

Вохӯрии пагоҳ соати 21:00 доир мешавад. Ворид шудан ба варзишгоҳ тариқи чипта буда, фурӯши чиптаҳо дар хазинаҳои варзишгоҳи марказӣ ва мағозаи расмии даста дар суроғаи: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-85 идома дорад. Нархи чиптаи категорияи якум барои минбари асосӣ (бахшҳои 1.2.3.4) 50 сомониро ташкил медиҳад.

Барои се минбари дигар (шимол, шарқ ва ҷануб) нархи ҳар чиптаи категорияи дуюм 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД