Ба муҳоҷирони меҳнатие, ки ба таври ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия кор ва зиндагӣ мекунанд, танҳо то санаи 30-юми апрели соли 2025 барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳояшон ва қонунӣ гардонидани будубоши худ дар ин кишвар вақт дода шудааст.
Бо мақсади кумак ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик пагоҳ, шанбе, 19-уми апрел Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Ҷумҳурии Тотористон новобаста аз рӯзи истироҳатӣ будан, қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати қонунигардонии будубош ба роҳ мондааст. Муҳоҷирони меҳнатие, ки мехоҳанд ҳуҷҷатҳои худро ба тартиб дароварда, минбаъд дар Тотористон ба таври қонунӣ кору фаъолият намоянд, метавонанд аз соати 9:00 то 15:00 ба вақти маҳаллӣ барои легализатсия ба суроғаи шаҳри Қазон, кӯчаи Михаил Миля 63А муроҷиат намоянд.
Дар сурати пайдо шудани саволҳо, шаҳрвандон метавонанд ба масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар Ҳавзаи федералии Уфа бо рақамҳои +7 (994) 100 95 59 муроҷиат намоянд.