Sebiston new 2024 october
Падарони фарзандбезор
1306


Чаро мардҳо аз додани алимент ба
фарзандонашон саркашӣ мекунанд?

Талоқ-ин вожаи қисматсӯз оиларо вайрон ва чанд тифли бегунҳоро аз меҳру муҳаббати волидон бенасибу сарсону саргардон месозад. Мегӯянд вақте ки мард калимаи талоқро ба забон мегирад, арши Худованд ба ларза меояд. Ёд дорам, раҳматӣ бобоям ҳамеша таъкид мекарданд,ки мардро ба зери др баранд ҳам, набояд калимаи талоқро ба забон бигирад, вале бадбахтона солҳои охир ҷавонмардони тоҷик чунин панду насиҳатҳоро аз ёд бурда, бо баҳонаҳои ночиз ҳамсари худро талоқ медиҳанд ва ҳамин тавр оила парокандаву зани бечора бо фарзандонаш ба гирдоби мушкилиҳо гирифтор мешавад.

Албатта давлат ба хотири ҳимояи кӯдакон алимент таъин мекунад, вале иддае аз падарон ҳатто аз пардохти ҳамин маблағи ночиз барои фарзандонашон бо баҳонаҳои гуногун саркашӣ мекунанд.

Надодани ҳаққи фарзанд магар ҷавонмардист?

Мардони ҳастанд, ки ба хотири надодани алимент ҳатто аз фарзандони худро эътироф кардан намехоҳанд. Албатта суд бо муаян кардани падарӣ билохира ба пардхти алимент водор месозад, аммо баъди баромадани ҳалномаи судӣ низ бархе мардони фарзандбезор аз пардохти алимент саркашӣ менамоянд.

Занҳое, ки ба чунни мушкилӣ дучр шудаанд, мегӯянд дар баъзе маврид мардон қасдан алимент намедиҳанд, то ки дар таъмини кӯдакон азият кашад ва ба қавли худашон “ба қадри шавҳар” бирасад. Албатта чунин рафтор кардан ҷавонмардона нест, зеро вақте ки падар алимент намедиҳад, кӯдакон, ки аз хуни ӯ ва пораи ҷисму ҷнаш ҳастанд, азият мекашанд.

Мардро бари надодани алимент суд карданд
Мушкили асосӣ дар он аст, ки баъзе занҳои тоҷик ҳуқуқҳои худ ва фарзандонашонро ро намедонанд. Бонувоне, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳӣ доранд, чи тавр кашидани таноби чунин марди фарзандбезорро нағз медонанд. Насиба, сокини 31-солаи шаҳри Бохтар мегӯяд:
“Ману шавҳарам бо сабаби рост наомадани ситораҳоямн аз ҳам ҷудо шудем. Суд барои фарзандонам алимент таъин карда бошад ҳам, аз соли 2018 собиқ шавҳарам алимент ё кӯмакпулии фарзандонашро намедод. Зиндагӣ бо 3 фарзанди ноболиғ дар хонаи иҷора барои ман хеле душвор буд.

Барои гирифтани ҳаққи фарзандонам чанд мартиба ба хонаи собиқ шавҳарам рафта бошам ҳам, на пули алиментро пардохт кард ва на ба кӯдаконаш чизе харид. Маҷбур шудам, ки ба ддгоҳ муроҷиат намоям. Шавҳарамро шаш моҳ ҳабс карданд. Дар суд ваъда дод, ки баъди ба озодӣ баромадан ҳатман пули алиментро пардохт мекунад, вале то ҳол насупоридааст. Медонам, ки пул дорад, вале қасдан аз додани алимент худорӣ мекунад, ки ман азоб кашам. Падар бояд ба фарзанди худ раҳм кунад. Рӯзе мерасад, ки фарзандони ман бузург шуда, дасти падарашонро мегиранд...”

Ин зан мегӯяд, ки падару модар надорад, ӯро бобояш бузург кард ва ба шавҳар дод. Шавҳараш доим арақ нӯшида, ӯро бо фарзандонаш лату кӯб мекард. «Рӯзҳои хушбахтиамро бо ҳамин инсон ёд надорам, баъди як ҳафтаи издивоҷ лату кӯб сар шуд. Вақте маро мезад, кӯдаконам метарсиданд. Ягона роҳи халосӣ аз ӯ ҷудо шудан буд. Алъон кор мекунам, вале таъминоти 3 фарзанди ноболиғ барои як зани танҳо осон нест»,- нақл мекунад Насиба.


Мунтазири шавҳар

Насиба ягона зан дар вилояти Хатлон нест, ки ба танҳоӣ аробаи зиндагии худу 3 фарзандашро мекашад. Ҳамтақдирони ӯ хеле зиёданд. Як зани дигари сокини Водии Вахш, ки аз зикри номаш худорӣ кард, зимни суҳбат гуфт, ки баъди зиндонӣ шудани шавҳараш ӯро бо ду фарзандаш аз хона пеш кардаанд, вале расман аз ҳамсараш ҷудо нашудааст.
«Шавҳарам зиндонӣ шуд, хусурам гуфт, ки ман таъминоти шуморо ба гардан намегирам. Баромада рав. Ман маҷбур будам, ки бо ду кӯдак манзили онҳоро тарк намоям. Иҷоранишин ҳастам ва то озод шудани шавҳарам мунтазир мемонем. Умед дорам, ки дубора зиндагиамон хуб мешавад»-мегӯяд ин зан, ки ҳанӯз аз зиндагӣ бо падари бачаҳояш умедвор аст.

Додани ҳаққи фарзанд фарз аст

Як сокини ноҳияи Кӯшониён, ки худашро Абдувалӣ муаррифӣ кард, 14 сол боз барои ду фарзандаш 300 сомонӣ алимент месупорад. Чикора буданашро ошкор накард, вале мегӯяд, ҳар гоҳ маош гирад, аввал ҳақи ду фарзандашро пардохт мекунад. Абдувалӣ мегӯяд, аз он падароне, ки алимент намедиҳанд, ғашаш меояд.

«Баъзе мардҳо пулро қасдан намедиҳанд, яъне бо ҳамин роҳ аз хонаводаи ҳамсари собиқашон қасос мегиранд. Баъзеи дигар ҷойи кор ва пул надоранд ва бо ҳамин сабаб наметавонад саривақт алиментро пардохт намоянд. Касе намехоҳад, ки аз зану фарзандаш ҷудо шавад, вале бо амри тақдир ҷудошавӣ ба миён меояд. Додани ҳақи фарзанд фарз аст»,-таъкид мекунад Абдувалӣ

Саркашӣ аз пардохти алимент ҷиноят аст

Дар вилояти Хатлон созмонҳое фаъолият мекунанд, ки аз ҳуқуқи чунин занҳо ҳимоят мекунанд. Онҳо омилҳои насупоридани алиментро аз сӯи мардҳо мухталиф арзёбӣ мекунанд. Сайёра Маҳмадова, ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Дилафрӯз» дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки ташкилоти онҳо аз рӯи хизматрасониҳои иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва оилаҳои осебпазири муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолият мекунад. Ба онҳо занҳое муроҷиат мекунанд, ки дар гирифтани алимент мушкилӣ доранд.

«Ҳалномаи ситонидани алимент доранд, вале собиқ шавҳарҳояшон сари вақт пулро пардохт намекунанд. Алтатта ҳастанд мардҳое, ки ӯҳдадориҳои алиментро иҷро карда, сари вақт пардохт мекунанд, аммо бархи дигар дидаю дониста бе ягон асос ҳалномаи судиро иҷро накарда, аз пардохти алименти кӯдакони ноболиғашон саркашӣ мекунанд»,- мегӯяд С. Маҳмадова.

Сайёра Маҳмадова илова кард, ки мувофиқи Моддаи 177-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқасдона саркашӣ кардан аз пардохти алимент барои кӯдакон ҷиноят аст. Мардҳо бояд дарк намоянд, ки дар шароити кунунӣ барои занони танҳо ё аз шавҳар ҷудошуда тарбия ва таъминоти фарзанд хеле мушкил аст.
Занҳо аз ҳуқуқҳои худ огоҳ нестанд
Фатҳиддин Пиров, ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Ғамхорӣ» дар шаҳри Бохтар мегӯяд, аксари занҳое, ки зиндагии муштаракашон вайрон мешавад, аз ҳуқуқҳои худ бархурдор нестанд. Занҳое, ки барои ҳали мушкилоташон ба созмонҳои ҷамъиятӣ муроҷиат мекунанд, алименти фарзандонашн рӯёнида мешавад. 

«Ҳангоми мавҷуд набудани созишнома аз падару модар барои таъмини фарзандон аз музди маоши алимент супоранда барои як фарзанд ба миқдори 25 фоиз, барои ду фарзанд 33 ва барои 3 ва зиёда аз он 50 фоиз алимент ситонида мешавад»,- мегӯяд, Фатҳиддин Пиров.

Ҳуқуқшинос таъкид кард, ки дар сурати аз пардохти алимент ва иҷрои ҳалномаи суд саркашӣ кардан мақомот метавонанд нисбати чунин мардон парвандаи ҷиноӣ оғоз намоянд.
Дар шароити кунунӣ таълиму тарбия ва таъминоти фарзанд дур аз хонаи падар ва бидуни кӯмак хеле сахт аст. Аз ҳамин хотир падарон бояд нисбати тақдири фарзандони худ бетараф набошад ва ҳаққи кӯдакнашон, яъне алиментро сари вақт пардохт намоянд.

Амонҷон Муҳиддинов, рӯзноманигор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД