Давомаш ...
Он шаб баъди рафтани меҳмонҳо падарам маро чунон лату куб кард, ки аъзои баданам сиёҳу кабуд шуд. Шабро ба гиря рӯз кардам. Касе надоштам, ки ба ӯ рози дил бигӯям, танҳо янгаи хурдиям огоҳӣ дошту халос.
Хулас, маро бо ду курпаю ду курта ба хонаи бахтам гусел карданд. Шукр мекардам, ки аз азобу машақати хонаи падар халос шудам, вале...
Шаб ҳодисаи нохуше рӯй дод, ки азобҳои кашидаам дар пеши ин ҳодиса ҳеҷ буд. Домод бо дидани бадани сиёҳу кабуди ман якбора оташ гирифта, ба сарам дод зада гуфт:
-Ту фоҳиша будаӣ, мо бехабар. Кадом буқа туро ба ин ҳол овард?, - гуфта, Шерзод маро лату кӯб карда, номи ошиқамро мепурсид.
Шарм медоштам, ки бигӯям ин кори падарам аст. Шерзод аз фиқ-фиқ гиристани ман асабӣ шуда, аз ҳеҷ кас маслиҳат напурсида, худи ҳамон шаб маро оварда, ба хонаи падарам партофт. Ҳама ҳайрон монданд, ки ин духтар тамоман аз хона берун намебаромад, ба ӯ чӣ шуда бошад. Воқеаро ба янгаам нақл кардам.
-Падари майхораат ҳаёти духтарашро бо дасти худаш сӯхт,- мегуфт янгаам.
Болои сухта намакоб гуфтагӣ барин, падари беномусам “маро шарманда кардӣ гӯён, шабона маро аз хонааш пеш кард. Янгаам маро дар хонааш ҷо дод. Аз шарми ҳамсояҳо дар ҳавлӣ гаштугузор намекардам.
Як бегоҳ мошине назди хонаи падарам қарор гирифт ва хусуру хушдоманам аз мошин фаромада, назди падарам даромаданд. Онҳо то паси шаб аз падарам бахшиш пурсида, зораю тавалло карданд, ки маро гирифта мебаранд.
-Ӯ гуноҳ надоштааст, инҷо иштибоҳе шудааст, - гуфт хушдоманам.
Онҳо аз саргузашти талхи ман дертар огаҳ шудаанд. Хулас, хусуру хушдоманам падарамро розӣ кунонида, дубора маро ба хонаи бахтам бурданд.
Шавҳарам аз ман узр мепурсид. Аҳли хонавода бо ман чунон меҳрубон буданд, ки бори аввал медидам чӣ гуна будани меҳрубониро. Аз тӯям ду-се моҳ гузашту касе ба хабаргириам намеомад. Аз хусуру хушдоманам шарм дошта, аз бекасиям мегиристам. Хушдоманам тассалӣ дода мегуфт, ки “ту келин не, балки духтари мо ҳастӣ”.
Тоқат накарда, рӯзе ба падарам занг задам. Падарам дар ҷавоб гуфт, ки ба хона зан овардаасту дигар сари ӯро гаранг накунам. Телефонро хомӯш карда, зор-зор гиристам.
Хушбахтона рӯзе бародарам ҳамроҳи модарам бо тӯҳфаҳои зиёде ба суроғам омаданд. Модаре, ки 15 сол боз ӯро надида будам, ниҳоят аз дар даромаду сари маро ба осмон расонд.
Азобҳои кашидаам дар як лаҳза аз пеши чашмонам дур шуданд. Хурсандиам ҳадду канор надошт. Шукрона мекардам, ки дер бошад ҳам, Худованд чашми раҳмат ба сӯи ман боз кард ва маро ба чашидани шарбати бахт муяссар гардонид.