Дар кӯдакиям падару модарам аз ҳамдигар ҷудо шудаанд. Мани зору гирён дар дасти модарам мондам. Падарам аз ман рӯй тобида дигар ба суроғам наомад. Бо гузашти солҳо духтари қадрасу зебо гаштам. Ҷавоне маро диду дил бой дод.
Мӯҳри ишқашро чигуна дар дилам гузошт, нафаҳмида мондам. Як-ду моҳ ҳамдигарро санҷидему хостгоронашро фиристод. Моро бо хурсандиву дилшодӣ фотиҳа карданд. «Тӯйро як сол пас мемонем»,-гӯён падари дӯстдоштаам баромада рафт. Ошиқам модар надошт. Падараш хост модари маро ба занӣ гираду писараш бо ман оиладор шавад.
Модарам ин гапро шунида хеле асабӣ шуда розигӣ надод. Падари дӯстдоштаам ранҷида моро аз ҳам ҷудо кард, яъне фотиҳаро гардонд. Дӯстдоштаи маро зӯран бо ухтари дигаре тӯй карданд. Зан гирифта бошад ҳам, вай ишқи маро фаромӯш накардааст, то ҳол гап мезанем. Фарзанд дорад, вале ман аз ӯ дил канаметавонам.
Зиёд мехоҳам фаромӯшаш кунам, вале ин дили шайдо итоатам нест. Хонандагони азиз, чӣ хел аз М. дил биканам? Шояд маслиҳатҳои шумо маро аз вартаи ғаму дард берун месозад.
C. ш. Душанбе