Sebiston new 2024 october
Падарамро ҳаргиз намебахшам!
1583


Ман як нафар хонандаи доимии номаву қиссаҳо хастам. Имрӯз ба вазъияте дучор шуда, дар чорроҳаи тақдир дармондаам.

27 сол пеш падарҷони мо аз баҳри модарам ва шаш фарзандаш гузашта, бо ҷавондухтаре издивоҷ карду моро партофта рафта буд. Модарам муддати ду сол аз паси ӯ зорикунон рафта мегуфт, ки ба хотири фарзандонат баргард, вале падарам “ман ошиқ шудаам” гӯён, моро дар хурдӣ партофт.

Модарам бо меҳнати ҳалолу касби фаррошӣ моро хӯрониду ба воя расонид. Ҳамаамонро соҳиби маълумоти олӣ кард. Ҳоло ману се додаракам соҳиби касби хубу оилаи обод ҳастем. Ду хоҳарам ҳоло донишҷӯянд. Модарам дигар шавҳар накард. Аммо ду ҳафта пеш якбора мисли борони баҳорӣ падарам аз дар салому алейк гӯён, даромада омад.

Ҳамон либоспӯшии олуфтаю ҳамон салобаташ. Фақат, дар абрӯвону мӯйҳояш сапедӣ дамидааст. Гӯё, ки ин 27 соли азобу гушнагиҳои кашидаамон набуд, ба модарам бо табассум нигариста гуфт:

-Ширинмоҳ хубӣ, қабулам мекунӣ?
Модарам, ки тӯли ин солҳо бо ишқи бепоини падари хиёнаткорам зинда буд, гирякунон худро ба оғӯшаш партофт. Ману додари калониам аз кори модар сахт ранҷидем, охир, падарам ин қадар бевафоӣ кард. Ӯро ҳаргиз бахшиданӣ нестам. Ҳоло бо модар қаҳриам. Падарамро ҳеҷ дар дил бахшида наметавонам. Шумо ба ҷойи ман мебудед, ӯро мебахшидед?

Сангин Аброрӣ, аз ноҳияи Восеъ
Мавод аз ”Кошонаи Шаҳло”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД