Салом хонандагони ва муштариёни «Оила»-и азиз! Мехоҳам қиссаи ишқи покамро ба шумо ҳикоят намоям. Як бачаи ҳамсинфамро дўст медоштам. Пас аз хатми мактаби миёна ӯ ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи педагогӣ дохил шуду ман ба Донишгоҳӣ тиббӣ. Ҳамсинфам падар надошту модараш дар мактаб фаррош буд, ман бошам, аз оилаи бою бадавлат, бойдухтарам. Пас аз хатми курси дуюм ошиқамро ба аскарӣ бурданд.
Аз хизмат ҳам вай тез-тез ба ман номаҳои пур аз меҳру муҳаббат мефиристод. Самадро аз ҷонам бештар дӯст медоштам ва бозгашташро бесаброна интизорӣ мекашидам. Баъди адои хизмати модар-Ватан Самад ҳамчун мард ба қавлаш вафо карда, ба хонаи мо хостгор фиристод, вале падарам ба хостгорон чанд сухани дағал гуфта, ҷавоби рад дод.
Модару аммаи дӯстдоштаам бо чашмони пуроб баромада рафтанду ман аз шарми кори падарам чанд рӯз ба Самад занг назадам. Аз афташ вай ҳам аз моҷаро огоҳ шуда сахт ранҷид, ки дигар маро суроғ накард. Пас аз модари Самад боз чанд каси дигар бо умед ба даргоҳамон қадам гузоштанд, вале падарам ҳама хостгоронро дағалона меронад. Метарсам, ки якравии падарам маро оқибат пирдухтар месозад, охир синну солам аллакай ба ҷое расидаасту қариб ҳама ҳамсолонам аллакай оиладор шуданд.