arzon replenishment
Падарам худашро овехту… Қисми 1
1620

Падарам худашро овехту…

 

Салом ба қаламкашон ва хонандагони ҳафтавори дӯстдоштаам «Оила». Мехоҳам дардеро, ки даҳ сол боз вуҷудамро месӯзад, рӯйи коғаз биёрам. Фоҷиаеро мехоҳам нависам, ки маро дар як сол ҳам аз падар маҳрум сохту ҳам сангдил ва сабабгори ин ҳама бузургтарин зани дунё аз нигоҳи уламову удабо модар буд… Яъне, модари ман!

Дар урфият мегӯянд, ки «Ғайбати худиро намоӣ- эътиқоди бегона мегардад», ман ҳаргиз ғайбат намекунам, вале агар диламро холӣ накунам, дигар наметавонам. Ростӣ, як дафтари хотираҳо дорам, ки пур аз қиссаҳои ҳаётист, шояд замоне расаду онро чоп кунам, аммо ин фоҷиаро ба ҳафтавори воқеан оилавии кишвар равон мекунам, то ҳама хонанд ва ба дигаре дарси ибрат шавад…

                            Бачаи таърифӣ

Падарам писари ягонаи бибию бобоям буду ӯро бо нозукиҳои зиёде ба воя расонида буданд. Бибиям нақл мекард, ки шаш фарзандаш мурда ба дунё омадаанду хусуру хушдоманашон ба писари муаллимашон фармон медиҳанд, ки аз зани бачамураш халос шуда, зани дигар гирад. Аммо бобоям гапи падару модарашро нагирифта, дар як гӯшаи деҳа хоначае бунёд намуда, бибиямро гирифта меравад ва меҳрубонии худои ломаконро бинед, ки он ҷо соҳиби писари нозанине мешавад. Ба падарам Азизбек ном мемонанд то азизи дилашон бошаду соябони сарашон. Падарам як ҷавонмарди хуб ба воя мерасаду мактабро ба медали тилло хатм намуда, ба донишгоҳ дар риштаи иқтисод дохил мешавад. Баъди хатми донишгоҳ ба деҳа назди падару модараш баргашта, ба кор медарояд. Кораш хуб, ки будааст, аввал хонаву дарашонро таъмир намуда, мошини он вақтҳо камёфти «Волга» мегирад ва баъд аз пайи зангирӣ мешавад.

Ба яккаписари «Волга»-савори хушқомат ҳама бо назари ҳавас менигаристанд, вале модаркалонам дар сар фикри дигар доштааст, ӯ мехост бачаи таърифияшро ба духтари хоҳараш хонадор намояд, то бегонае соҳиби давлату сарват ва боигарии ӯ нашавад. Мегӯянд падарам духтараки дигареро дӯст медоштааст, аммо гапи модарро нашикаста, паймони дилдорашро шикастааст.

                                 Келини эрка

Модарам духтари ҳафтуми холаи падарам будааст ва чун бибиву бобоям ба хабаргирӣ мераванд, бо як хушнудӣ онҳо розӣ мешаванд. Бибиям ҷиян-келинашро зиёд эрка мекардааст ва ҳама корро ба зиммаи худ гирифта, ба ӯ мегуфтааст, ки «ту зебо бипӯш, зебо бигард, вале хонаи писарамро пури писар кун!» Модарам пайи ҳам чор писар ва чор духтар таваллуд кардааст, ки дояи ҳамаи онҳо модаркалонам будааст. Ман кенҷадухтари хонаамон будам ва аз рӯзе худро ёд дорам, модаркалони кампирам меҷунбиду меҷунбид. Бобоям низ аз бибиям монданӣ надошт, боғу роғи мо ҳаваси сад касро меовард ва зиндагии мо асосан аз фурӯши меваву чева ва молу гови парвардаи бобову бибиям буд. Модарам фасон кардану дар бари падарам нишаста, маърака ба маърака гаштанро медонисту халос, ӯ моро меҳрубониву дӯстдорӣ ҳам намекард. Аз ҳамин рӯ, мо ба бибиямон меҳри модарӣ доштем, шумо гумон накунед, ки ман модарамро ғайбат мекунам, аммо ҳамин хел буд. Солҳо гузаштанд, бибиву бобоям пир шуданд, умеду ормони худро диданд, набераҳоро зану шӯ доданд ва пайи ҳам ин даҳри дударро тарк карданд. Чун ҳавлиямон калон буд, падарам ду акаамро дар ҳамон ҳавлӣ замин ҷудо карда доданду ду акаи дигарам хонаву дарашонро ҷудо карда рафтанд. Мо духтарон пайи зиндагии хеш будем, ҳамроҳи падару модарам бародари духтурам бо занаш зиндагӣ мекард, зиндагиамон хуб буд.

                    Фасли пирӣ

Мо ҳама медидем, ки модарам нисбат ба падарам беҳурматӣ мекунад, гапи худашро мегузаронад, баъзан ба сарш дод ҳам мегӯяд, аммо падарам хомӯш буд. Шояд модарамро дӯст медошт, ё ин ки табиати оромаш ба вай иҷозат намедод, ки ҷангу ҷанҷол бардорад. Мо фарзандон наметавонистем ба модарамон гӯем, ки ин коратон хуб нест. Падарам ба нафақа баромаданду модарам ҷомаашро чаппа пӯшидагӣ барин акнун шабу рӯз бо вай ҷанг мекарданд. Як рӯз янгаам ба ман занг зада гуфт:

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД