Formula novemver 2024
Падар - қурбонии бахти духтар
2611

Шоҳин соли 1978 Донишгоҳи техникиро бо дипломи аъло хатм кард. Дар рӯ ба рӯи ӯ ҳамаи дарҳо барои ояндаи дурахшонаш боз буданд. Роҳбарони донишгоҳ қобилияти ӯро ба назар гирифта таклиф карданд, ки он ҷо бимонад ва ба кори илмӣ машғул шавад.


Аммо Шоҳин бисёр мехост дар истеҳсолот кор кунад. Бинобар ин, таклифи устодонашро бо миннатдорӣ рад намуд. Он вақт одамон ба донишу малака ва қобилият баҳо медоданд, мисли ҳозира ба киса нигоҳ намекарданд ва ё ба ҷиянҳои «тағои дастдароз» тамаллуқ наменамуданд.

Шоҳин бо роҳхати донишгоҳ ба яке аз автобазаҳо дар води Зарафшон инженер таин шуд. Албатта дар оғози кор бо яксаду бист сӯм моҳона ҳар рӯз аз деҳа ба шаҳр омаду рафт кардан душвор буд. Аммо пасонтар корхона мошинеро ҷудо кард ва Шоҳинро умедвор намуд, ки минбаъд барояш аз шаҳр хона хоҳанд дод. Дар ин миён падари раҳматиаш ӯро хонадор карданӣ шуд. Азбаски Шоҳин ҳанӯз духтарро хуш накарда буд, бо оини ниёгон духтараки ҳамдеҳаашро ки ба модараш маъқул буд, ба занӣ гирифт. Занаш ҳарчанд ба ҷуз мактаби деҳа дигар ҷоеро нахонда бошад ҳам, фаҳмиши хуб дошт ва бо ҳастию фаросати худ дунёи муҳандиси ҷавонро рангин намуд. Онҳо пас аз як соли хонадорӣ соҳиби духтарчаи зебое шуданд ва зиндагӣ гӯё барои Шоҳин маънии нав пайдо кард. Ҳар гоҳ кӯшиш мекард, ки зудтар хона раваду симои духтари кӯчакаш Назираро соатҳо тамошо кунад. Занаш борҳо ӯро мазаммат мекард, ки ин қадар тифлдӯст нашавад ҳоло барояш боз чандтои дигар таваллуд карда медиҳад, он гоҳ хонаашро гум мекунад. Аммо Шоҳин мегуфт, ки садто зояд ҳам кам аст, зеро меваи инсон фарзанд асту боғбон аз бисёрии ҳосил танҳо хурсанд хоҳад шуд…

Ба ҳамин чанд сол гузашт. Шоҳин аз муҳандиси оддӣ то мансаби сармуҳандиси корхона расид. Аммо дар ин миён Давлати Шӯравӣ аз байн рафту хараҷу мараҷ сар шуд. Бо баҳонаи иқтисоди бозаргонӣ ҳар кас медонисту дави аспаш. «Приватизатсия» гуфтанду амволи давлатро онҳое, ки замоне «мошенник»-ашон мегуфтанд, бо нарҳои арзон соҳиб мешуданд. Дар пеши назари Шоҳин корхонаи онҳоро низ тарака карданд. Ба ивази хизматҳои чандинсолаи Шоҳин «дилаш намонад» гӯён як Москвичи шалақаро доданд. Онро низ дар давраи бекор монданаш Шоҳин бо нархи ночиз фурӯхта барои бачаҳояш, ки ҳоло панҷ нафар буданд, ризқу рӯзӣ кард. Хулоса замоне шуд, ки инженерии соҳибтаҷриба ва дипломдор дар кӯча бекор монд. Гоҳ-гоҳ мошину ину онро таъмир намуда, як сӯм-ним сӯм ба хона меовард. Аммо дар ин миён тақдир ба ӯ зарбаи дигаре зад. Падараш, ки ҳанӯз бардаму бақувват буд ва нав ба 63 қадам мемонд, ногаҳон бемор шуда вафот кард. Барои гӯру чӯб ба ӯ маблағи зиёд лозим шуд ва Шоҳин бо фоиз қарз гирифт. Баъд аз додани соли падар фоизи қарз қариб ба худи қарз баробар шуд. Шоҳин маҷбур шуд он хонаеро, ки дар шаҳр барояш замоне корхона дода буд, фурӯхта аз дасти қарзхоҳон халос шавад. Аммо барои зиндагии минбаъда кисааш маблағе намонда буд…

-Занак, биё ман ҳам мисли ҳамдеҳагон ба Русия рафта пул кор карда биёям. Охир ба бачаҳо сару либосу хӯрду хӯрок лозим. Хонаи падар ҳам хароб шудааст, онро таъмир кардан даркор…


Шавҳари афғон карда, дар бало мондам


Дар вақташ гуфтам, ки мисли дигарон аз мансаб истифода баред. Садто мошин дар зери дастатон буд, одамон гапатонро мегирифтанд, бо онҳо дар паҳлӯи хонаи падар хонаи нав андозед намешуд? Аммо шумо «коммунисти қоқ» боқӣ мондеду ин «пули халқ» гуфтед. Ана бинед, бо пули халқ чӣ корҳое карда истодаанд…-Ғур-ғур кард занаш.

-Занак мон, аламамро тоза накун. Беҳтараш ба назди бародарат раву гӯй, ки роҳпулии маро диҳад. Ба Русия рафта, аз пулҳои коркардаам аввал қарзи ӯро медиҳам.

-Худатон медонед, ки вай ҳам бачу качи бисёр дорад. Аз куҷо пул меёбад?

-Ба ҳар ҳол, ӯ қассоби мекунад. Мумкин як-ду сӯм ҷамъ карда бошад…

…Занаш ноилоҷ ба хонаи бародараш рафта, роҳпулии Шоҳинро пайдо кард ва ӯ азми сафари Русия намуд…

…Дар Русия ба сифати аробакаши бозори Черкеси шаҳри Маскав як сол кор карда, хеле маблағ ҳам ҷамъ намуд. Боз ҳар моҳ ба фарзандонаш пул мефиристод. Зимистон занаш телефон кард, ки ба духтараш хостгорони зиёде пайдо шудаанду расида биёяд ва ҷавоби онҳоро диҳад. «Аллакай мо ҳам калон шудаему худо хоҳад як сол пас соҳиби набера мешавем» аз ин хабари занаш хурсанд шуда, дар дил орзу кард Шоҳин. Ваъда кард, ки баъд аз як моҳ расида меравад. Худаш ҳам дидори зану фарзандонашро хеле пазмон шуда буд.

…Вақте, ки ба поезди Москва-Душанбе савор шуд, ҳеҷ гумон надошт, ки ба фиреби ду найрангбоз гирифтор мешавад. Дар купе ба ҷуз вай боз ду нафар тоҷикбача ва як тоторзан буданд. Баъд аз он, ки чанд соати сафар сипарӣ шуд, ҳамсафарон аллакай бо якдигар шинос гардида, аз куҷою чӣ кора будани ҳамдигаро медонистанд. Фақат тоторзан ба онҳо бо нобоварӣ менигарист. Шоҳин аз дил гузаронд, ки шояд ин зан ҳам тоҷиконро наркокурер ва террорист гумон мекунад. Хайр, бало ба пасаш, дар роҳ мефаромадааст. Беҳтараш бо ҳамшаҳриҳо чақ-чақ карда рафтан мегирам.

«Ҳамшаҳриҳо» низ паст наомада дар куҷо кор кардан ва чанд пул кор кардану чӣ хел бурдани он пулҳоро ноаён аз ӯ пурсида мегирифтанд. Ҳини суҳбат Шоҳин нафаҳмида мон, ки чӣ тавр ба қабати болопӯшаш панҷ ҳазор долларро дӯхтанашро ба онҳо гуфта дод. Ӯ болопӯшро шаб дар зери сар ва рӯз дар тани худ нигоҳ медошт. Зеро ин бачаҳо низ аз рӯи гуфти худашон яке пулашро дар зери пойафзол ва дигаре дар эзор пинҳон карда будаанд, ки ба дасти милисаҳои роҳ наафтад.

Дар як истгоҳи сарироҳӣ яке аз ҳамсафарони Шоҳин аз қатора фаромада чанд шиша пиво оварду гуфт:

-Роҳ дароз аст, ин бошад, як воситаи кӯтоҳ кардани роҳ. Дигараш гуфт, ки чаро моҳии шӯр ҳам нагирифтӣ, зеро оби ҷав бо шӯрмоҳӣ хуш аст. Ҳоло то рафтани қатора боз се дақиқа вақт аст, зудтар рафта биёр. Шоҳин, ки худро акнун шарики онҳо меҳисобад, хоҳиш кард, ки моҳиро ӯ рафта биёред. Онҳо розӣ шуданд, фақат якеаш маслиҳат дод, ки барои сабуктар шудани барою фаро болопӯшашро аз тана кашад. Шоҳин низ бе ҳеҷ дудилагӣ болопӯшро аз танаш кашида ба болои ҷойгаҳи хобаш партофту ба берун давид. Нав ба растаи моҳифурӯшон расида буд, ки қатора ба ҳаракат даромад. Ӯ низ саросема чанд моҳии шӯрро ба даст гирифта, аз паси қатораи суръаташро тезкардаистода давид ва базӯр ба вагон баромад. Вақте, ки ба купеи худашон ворид шуд, танҳо тоторзанро дид, ки ғарқи хаёл ба берун менигарист.

-Ҳамсафаронамон канӣ?-суол кард Шоҳин.

-Магар ҳамроҳи шумо набуданд?-ба ҷои ҷавоб ҳайрон шуда гуфт зан ва идома дод. Онҳо аз пасатон ба берун баромаданду-ку…?!

-Шояд дар рафти поезд ба ягон вагони дигар савор шуда бошанд, ҳамин замон пайдо мешаванд,-худ ба худ ғурунгид Шоҳин ва моҳиҳоро б болои мизча гузошта, тоторзанро ба хӯрдан даъват кард.

-Шумо ҳамроҳонатонро хуб мешиносед?-пурсид зан.

Шоҳин аз ин пурсиш ба ҳайрат афтода гуфт:

-Не, дар ҳамин ҷо шинос шудем…

-Ин тавр бошад, як чизҳоятонро хабари гиред…-Таъкид кард тоторзан.

Барқвор фикре ба сари Шоҳин заду, болопӯшашро аз болои ҷойгаҳаш гирифтанӣ шуд. Аммо «на пай буду на Ҳайдар». Танҳо акнун Шоҳин ба найранги «ҳамшаҳриҳояш» сарфаҳм рафт…


Ҷазои домоди духтарбоз

 


Вақте, ки зан аз қисса огоҳ шуд, ба содагии ҳамсафараш хеле афсӯс хӯрду Шоҳинро дилдорӣ дод. Вале маҳсули меҳнати сахти яксолаи ӯро касе баргардонида наметавонист. Акнун ба назди зану фарзандонаш чӣ хел меравад?

Зани раҳмдили тотор маблағеро ба Шоҳин дод ва суроғаашро низ монд, ки агар мабодо гузораш ба шаҳри онҳо афтад, меҳмон шавад. Аммо пули ӯро баргардонидан шарт нест. Вақти хайрухуш аз чашмони ҷавонмарди барвақт пиршуда беихтиёр ашк ҷорӣ шуд…

Шоҳин шабона ба хонааш даромада омад. Намехост, ки бо касе вохӯрда мавриди пурсуҷӯй ва аҳволпурсии дар ин соатҳо барояш гарон қарор гирад. Занаш баробари дидани ӯ аз хурсандӣ ҷои нишаст намеёфт. Аммо вазъи шавҳарашро парешон дида, ба оҳистагӣ мисли шамъе, ки аввал баланд шӯъла мепошаду минбаъд равшаниаш хира мегардад, хомӯш шуд. Аз воқеъа огоҳ гардида, чӣ тавр тасаллӣ додани Шоҳинро намедонист. Танҳо духтари калониашон Назира бедор буд ва аз омадани падарашу қиссаи ғорат гардидани вай огоҳӣ ёфт.

-Хайр мардак, поёни шаби сиёҳ сафед аст, гуфтаанд. Ягон илоҷи корро меёбем,-тасаллӣ дода шавҳарашро зане, ки солҳои тӯлонӣ бо ӯ якҷо пастию баландиҳои зиндагиро паси сар карда меомад…

-Ба гумонам ин шаби сиёҳи тақдири ман охир надорад,-оҳ кашид Шоҳин.

…Аз омадани Шоҳин огоҳ гардида, талабгорони духтараш ба хона омаданд ва падар низ дурудароз нею нестон накарда, ба тӯй розигӣ доду ҷониби қудоҳо ба тӯй тайёрӣ дидан гирифтанд.

-Мардак, худамон ҳам бояд барои духтарамон ҷиҳози арӯсӣ гирем, чӣ кор мекунем? – Маслиҳатхоҳона пурсид занаш.

Шоҳин сарашро байни ду дасташ гирифта, ба фикр фурӯ рафт. Ба пеши кӣ равад? Бе фоиз касе қарз намедиҳад. Агар бо фоиз гирад, худо медонад, ки онро чӣ тавр ва кай бармегардонад.

Ба сараш андешае омаду хеста ба хонаи яке аз ҳамкорони собиқаш, ки дирӯз зердасташ буду имрӯз нисфи биноҳои автобазаро харида гирифта буд ва ҳоло ким чӣ хел фирма ҳам дошт, равон шуд. Хизматгори олуфтабашараи ҳамкораш кию чикора будани Шоҳинро пурсида, ба хуҷаинаш дарак дод ва иҷозати даромаданро гирифта, ӯро ба хонаи нишаст барои меҳмонон даровард. Пас аз лаҳзае соҳибхона баромада, бо Шоҳин гарм мулоқот намуд ва тӯли ним соат аз кору бор ва зиндагии Шоҳин пурсон шуд. Ӯ, ки пештар ба хонаи онҳо рафтуомад дошт, медонист, ки дар хонаи саринжинер духтари зебое ба воя мерасад. Вақте ки сабаби омадани сардори собиқашро фаҳмид, каме андеша карду гуфт:

-Роҳи ҳалли ин мушкилот бе қарз ҳам вуҷуд дорад. Ба шарте, ки шумо розӣ шавед.

-Чӣ хел?-Ҳайрон шуд Шоҳин.

-Модару духтарро розӣ кунед, то ки ман ӯро ба занӣ гирам. Ҳам соҳиби молу мулк мешаведу ҳам духтаратон зани дуюм бошад ҳам, ба ҷои нағз меафтад…

…Шоҳин бори гарони худро чӣ тавр бардошта аз ҷояш хест, худаш намедонад. Фақат ашк дар чашмонаш чарх заду зери лаб гуфт: «Охир ӯ фотеҳа шудагӣ, ҳаромзода…»

Аз қафо садои «навтоҷикро» шунид, ки мегуфт «Э, ҳозир фотеҳа чист…»

Шаб Шоҳин ба хона барнагашт. Занаш сахт хавотир шуда бошад ҳам, барои хафа накардани фарзандон ташвишашро изҳор намекард. Аз бомдод пештар сатилро гирифта, ба зери сади пир, ки аз он ҷо ҷӯи об мегузашт, раҳсипор шуд. Мисли ҳарвақта мехост дар ин саҳарии солеҳон об оварда ба рӯи ҳавлӣ занад ва онро рӯбад. Вақте ки ба чанор наздик шуд, дар шохи он сиёҳиеро дида, ҳаросон наздиктар омад. Омаду фиғонаш ба фалак дакка зад. Дар шохи чинор Шоҳини ӯ овезон буду аз вазиши насими сабук, вале сарди саҳарӣ алвонҷ мехӯрд…

…Он саҳар аҳли деҳаро баробари муаззин садои навҳаи панҷ фарзанд ва зани собиқ сармуҳандиси як автобазаи калон Шоҳини Ғаффор аз хоб бедор кард. Аз афташ дар тани ӯ дигар маҷоли бардоштани ҳамаи фоҷеаҳои зиндагӣ намонда буд…
(Қисса аз архиви Оила)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД