shoh palace
ПАДАР ДАР ЗИНДОНУ ФАРЗАНДОН САРГАРДОН
2762
ПАДАР ДАР ЗИНДОНУ ФАРЗАНДОН САРГАРДОН


Ҷамила Салимова ҳамагӣ 33-сол дорад, вале озоби дар ба дарию зиндагии сангин қомати ин ҷавонзани тоҷикро аллакай шикастааст.

Муддати 7 сол мешавад, ки шавҳари муҳоҷираш дар кунҷи зиндон аст ва Ҷамила намедонад бо ду фарзанд сарашро ба кадом дар бизанад. Мушкилоти бехонагӣ, андешаи бо кадом роҳ хӯрондану пӯшондани ду фарзанди хурдсол ва ғами шавҳари муҳоҷираш, ки ба Русия мардикорӣ рафта, ба маҳбас афтод, ба саломатии ин ҷавонзани азияткашида бе таъсир намонда, биноии чашмонаш суст шудаанд.

Табибон мегӯянд, ки дубора барқарор намудани биноияш ҳеҷ имкон надорад ва чашмонаш оҳиста-оҳиста сафед шуда, вай дигар дунёи равшанро тамоман нахоҳад дид. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, духтарчаи калониаш ҳам мушкилоти хирагии чашм дорад, вале Ҷамила шароити иқтисодӣ надорад, ки фарзандашро табобат намояд. Биёед, алами бехонагӣ ва дарди дили ин ҷавонзани тоҷикро аз забони худаш бишнавем.

НАФАРОНЕ, КИ БА ИН ОИЛА КӮМАК КАРДАН МЕХОҲАНД БА РАҚАМИ 988-35-60-17 ЗАНГ ЗАНАНД ВА Ё БА РАҚАМИ КОРТИ ИМОН 637460000000460 КИ БА РАКАМИ ТЕЛЕФОНАШ ПАЙВАСТ АСТ, ХАЙРИЯИ ХУДРО ФИРИСТАНД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД