Formula novemver 2024
ПАДАР АЗ ФАРЗАНДОНАШ РӮЙ ГАРДОНД. ЧАРО?
1462
ПАДАР АЗ ФАРЗАНДОНАШ РӮЙ ГАРДОНД. ЧАРО?

Чархи фалак аҷаб гардишхо дорад. Апаи Латофат ҳангоми хурд будан аз муҳаббати падарию модарӣ маҳрум гашта буд. Онҳо аз ҳам ҷудо шуданду Латофат дар дасти бибиву тағо монд. Ҳар боре падару модараш ба ёдаш мерасиданд, дили кучакаш зардоби хун мегашт.

Падару модараш думболи бахти нав рафтанду латофат зору танҳо монд. Дар кудаки азобу хориҳои зиёд кашида бошад ҳам лаб зери дандон ба касе шиква накард. Умед мебаст, ки ҳарчи зудтар калон шуда, ба шавҳар барояд ва зиндаги ширинро бо чашми сер дарёбад, аммо...

Тақдир низ ба ӯ бозиҳои худро нишон дод. Шавҳараш марди бераҳме баромад, ки нисбати ҳамсар ва фарзандонаш бепарвоӣ нишон дод. Орзуи зиндагии ширин дар ангораҳои хайёли апаи Латофат хом монду халос. Шавҳараш мисли падари фарзандбезораш ӯро ҳамроҳи се фарзанди паршикастааш тарк карду зани дигар гирифт. Падари бераҳм ҳато аз аҳволи фарзандони чашбароҳаш пурсон намешуд. Ӯ дар гушаи хаёлаш намеорад, ки фарзандонаш рӯзҳову ҳафтаҳо гуруснаву бечора мемонанду бо даҳони хушк интизор мешаванд, кай ягон нафари дилсӯз ба онҳо як луқма нон хайр кунад. Латофат мегӯяд, ки ёд надорад кай ба фарзандаш либос харида бошад. Аз рӯзе, ки шавҳараш ӯро дар нимароҳи зиндагӣ танҳо гузошт, ҷигарбандонаш либосҳои кӯҳнаю даридаи ҳамсояҳоро мепӯшанд. Дар роҳу гузаргоҳ ин кудакони маъсум ҳамсолонашонро ҳангоми бозию сайругашт ҳамроҳи падарҳояшон мебинанду аламашон мекунад, ки рафиқонаш падар доранду онҳо бошанд бепадаранд. Муҳаммадҷон дар ёду хайёли кӯдаконаи худ падари дилсангашро марди зебову дилкаш тасаввур мекунаду як лаҳза табасум дар лабонаш пайдо мешаанд, вале ...

Бар замми ҳайёти бепадарӣ , фақирӣ ин гунҷишкҳои паршикаста ба як кулбаи вайрона зоранд. Шуълаи умед дар қалби апаи Латофат фурӯзон гашт ва ӯ ба барномаи “умеди охирин” муроҷиат намуда, аз рӯзгори сангинаш қисса намуд. Умедворем нафарони хайрхоҳу саховатманд нисбати тақдири ин кӯдакони бо модари танҳояшон дар кӯчамонда бетараф намонда, намегузоранд, ки ин модари танҳои масъум бо 3 фарзанди умедпарвараш дар кӯча бимонад!


НАФАРОНЕ, КИ БА ИН ОИЛАИ НИЁЗМАНД КӮМАК КАРДАН МЕХОҲАНД БА РАҚАМҲОИ 987-77-69-61, КИ БА КОРТИ БОНКИИ 6374600000007636324 (ЭСХАТА) ПАЙВАСТ АСТ, ХАЙРИЯИ ХУДРО ГУЗАРОНАНД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД