Оилаи хушбахт
Дар оилаи даҳ нафари мо ҳамаи фарзандон интихоби ҳамсарро ба волидайн вогузор мекарданд, ҳарчанд солҳои сол дар шаҳр зиндагӣ кунем ҳам, тафаккурамон ба қавли баъзеҳо «қишлоқӣ» боқӣ мондааст. Падару модарам ҳамаи моро хононда, баъд ба зиндагии мустақил гусел карданд ва давлати пирӣ дида, аз ин дунёи дудар бе ормон гузаштанд. Хонаи панҷҳуҷрагии волидонам ба додари кенҷагиямон монд, зеро ӯ бо зану ду фарзандаш дар айёми пирӣ дастгири падару модарамон буд ва хизмати пиру кампирро бо ҷону дил иҷро мекард. Ман нахустфарзанди оила будам, аз ҳамин сабаб пас аз фавти волидонамон ҳама фарзандони падарам чи коре, ки карданӣ шаванд, ҳатман маро ҷеғ мезаданд ё ба хонаам омада маслиҳат мепурсиданд. Мо ҳар моҳ як бор дар ҳавлии падарӣ ҷамъ шуда, ду табақ ош мекардем ва руҳи падару модарамонро бо дуою фотиҳа шод мегардондем.
Мусибат
Ба тинҷию хотирҷамъии мо чашми бад расид магар, ки зани додари кенҷагиам Адҳам ба дарди бедавое печида ба бистари беморӣ афтид. Ҷавонзани сисолаи зебо дар бадали як сол чунон обу адо шуд, ки одами дидагӣ ӯро намешинохт. Мегӯянд, ки ниҳоли умри одам аз дуо сабз мешавад, вале дуоҳои падару модарам низ дар ҳаққи келини қобилу хизматгорашон мустаҷоб нагаштанд. Ёд дорам, ҳар гоҳ ба хабаргирии пиру кампир мерафтам, падару модарам таърифи Сангимоҳро карда «духтари хуб аст, бар падараш раҳмат, моро хор шудан намемонад. Ягон бор гап нагардондааст, мудом бо сари хам аз паси кору бори рӯзгор овора аст, ба баду неки ягон кас кор надорад. Илоҳо садсола шуда роҳати фарзандонашро бинад» гӯён, дар ҳаққаш дуои нек менамуданд, аммо… Духтараш нав дар синфи панҷуму писарчааш дар синфи дуюм мехонданд, ки Сангимоҳи меҳрубону беозори мо мисли гули дар фасли баҳор решакангашта сиёҳпича шуд. Дар марги келини азизамон хуни ҷигар хӯрда, нолаҳои зор-зор кардем, вале афсӯс, ки ҳеҷ касро гиряву зорӣ аз роҳи охират барнагардондааст.
Додарам дар донишгоҳ муаллими таърих аст, бечора субҳ ба кор мерафту шом ба хона бармегашт. Кӯдаконаш рӯзи дароз танҳо буданд. Фарзандони мо, ки нисбаташ калонтар буданд, ба навбат ба хонаи Адҳам рафта ба кору борашон ба бачаҳои бе модари ӯ ёрӣ мерасонданд, аммо саришта кардани хонаи бе зан торафт душвортар мегашт…
Маслиҳати зангирӣ
Пас аз додани сари соли Сангимоҳи ҷавонмарг мо, фарзандони падар ҷамъ шудем, то барои додарамро аз нав хонадор кардан маслиҳат кунем. Ман аз Адҳам пурсидам, ки ягон ҷавонзани шинос дорад, ки барояш хостгорӣ равем, вале сар ҷунбонда гуфт:
-Апа, ман ягон зани қишлоқии бамаънӣ гирифтаниам, то ба фарзандонам модарӣ кунад.
Хоҳарам Гулшан норозиёна ба Адҳам нигариста гуфт:
-Ягон зани шаҳрии хондагӣ бошад, хубтар мешавад.
-Не апа, зани шаҳрӣ бо усмаю сурмаи худаш овора шуда кай парво мекунад, ки бачаҳои ятими ман сер мегарданд ё гушна,-норозиёна даст афшонда якравӣ кард додарам.
Хоҳари раис
Пас аз як ҳафтаи ин гуфтугӯ додари миёнаам Аслам занг зада маро ба хонааш хонд ва дар сари дастурхон нақл кард, ки як ҳамсабақаш сардори корхонаи бузург буда дар қишлоқ хоҳари синну солаш калоне доштааст. Нақли Адҳамро шунида худи «раис» (бародарам ҳамсабақашро чунин ном мегирифт) пешниҳод кардааст, ки хоҳарашро барои Адҳам хостгорӣ кунем. Рӯзи дигар ҳардуямон ба хонаи рафиқи Аслам рафтем. Дар ҳавлии бошукуҳи сеошёнаи раис моро хуб пешвоз гирифтанд. Раис, ки аллакай аз мақсади ташрифи мо огоҳ буд, арӯсшавандаро таъриф карда гуфт:
-Хоҳарам духтари зебои бо дасту панҷа аст, вале дар вақташ хостгорони зиёдеро ноумед карду ҳамин тавр монд. Ҳоло ҳам талабгор дорад, вале дар ин синну сол фарзанддор шуданашро Худо медонад, аз ин рӯ Адҳамҷон беҳтарин интихоб аст. Кӯдакони ӯро нигоҳ карда мегардад…
ИДОМААШРО ФАРДО ШАБ СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР ШАВЕД!