Овозхоне, ки оҳан мехӯрд
08.02.2026
Oila.tj
59

Мишел Лотито (1950-2007), овозхони фаронсавие, ки бо хӯрдани ашёҳои ғайримуқаррарӣ машҳур шудааст, бори аввал дар 9-солагиаш истакони шишагиро хӯрда буд, то ба ҳамсолонаш писанд ояд.

Соли 1966, вақте ки машҳур шуд, дучарха, ароба ва телевизорҳоро низ мехӯрдагӣ шуд. Дар умум, Лотито 18 дучарха, 15 ароба, 7 телевизор, 6 шамъдон, 2 кат, 1 ҷуфт лижа, 1 ҳавопаймои тамғаи “Сессна-150” (дар ду сол), 1 компютер ва 1 истаконро хӯрдааст.

Табибон мегӯянд, ки меъдаи овозхон барои ҳазми ашёҳои ғайримуқаррарӣ мутобиқ шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД