Пас аз талошу баррасии зиёд ва ворид намудани ихтисоси "Рӯзноманигорӣ" (рамзи 10.01.10) ҳамчун ихтисоси нав ба Феҳристи ихтисосҳое, ки аз рӯйи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонҳои илмӣ дода мешаванд (қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионӣ аз 30 сентябри соли 2021, №7) нахустин профессори ин соҳа эълон шуд. Дар ин бора Илҳомҷон Ҳамидиён, устоди ДМТ, иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2023, №154/ун доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии ТоҷикистонМуқимов Муҳамадӣ Аминовичт (Ҷовид Муқим) ба нахустин унвони илмии профессор аз “ВАК”-и миллӣ сазовор дониста шуд.
"Ҳарчанд рӯзноманигорӣ соҳаи илми филология аст, он қонуниятҳо ва тамоюлҳои инкишофи васоити ахбори умум ва зернизоми он – матбуот, телевизион, радио ва интернетро таҳқиқ менамояд, ки дар ин самт аллакай диссертатсияҳои зиёде дар шуроҳои диссертатсионӣ ҳимоя гардиданд. Соҳаи таҳқиқот низ мутобиқи шиносномаи ихтисос давраҳои инкишофи рӯзноманигории тоҷик, қонуниятҳо ва тамоюлоти рушди методҳои эҷодӣ дар соҳа, равандҳои жанрӣ-гурӯҳӣ, сохторӣ ва услубӣ, навъҳои нашрияҳо ва миқёси мавзуи марбутаи услубии жанриро ба риштаи таҳқиқ мекашанд",-навиштааст манбаъ.
Ба навиштаи Ҳамидиён, доираи мавзуъ дар ихтисоси рӯзноманигорӣ фаррох буда, он эстетикаи эҷодиёти публисистӣ, таҳқиқоти муқоисавии рӯзноманигорӣ, маҳорати рӯзноманигорон, танқиди адабӣ-бадеӣ, навъҳои ВАО, рӯзноманигории байналмилалӣ, дизайн, матни ВАО ва таҳлили дискурсии онро баррасӣ менамояд.
Ба баёни ӯ, додани унвонҳои илмии профессор ва дотсент аз рӯйи ихтисоси "Адабиётшиносӣ" ё "Забоншиносӣ" ба нафароне, ки бо ихтисоси 10.01.10 – "Рӯзноманигорӣ" диссертатсия ҳимоя карда, аз рӯйи он дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар вазифаи дотсент ва профессор фаъолият мекунанд, иштибоҳ маҳсуб меёфт. Доира ва самти таҳқиқ дар илмҳои адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва рӯзноманигорӣ аз ҳамдигар пурра фарқкунанда ҳастанд.
Омӯзиши таҷрибаи кишварҳои ҳамҷавор дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил собит месозанд, ки ихтисоси “Рӯзноманигорӣ” дар аксарияти кишварҳо ба Феҳристи ихтисосҳое, ки аз рӯйи онҳо дар кишвар унвонҳои илмӣ дода мешаванд, ворид гардидааст.
Мавриди тазаккур аст, ки солҳои охир дар шуроҳои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисоси 10.01.10 – Рӯзноманигорӣ диссертатсияҳои зиёди докторӣ ва номзадӣ ҳимоя гардида, баъд аз ишғоли вазифаи дотсент ва профессор дар кафедра ва риояи меъёрҳои додани унвони илмии дотсент ва профессор дар асоси талаботи бандҳои 8-16 Тартиби додани унвонҳои илмӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №267) довталабон ба Комиссияи олии аттестатсионӣ барои гирифтани унвони илмӣ аз рӯйи ин ихтисос муроҷиат мекунанд.
Набудани ихтисоси мазкур дар Феҳристи ихтисосҳое, ки аз рӯйи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонҳои илмӣ дода мешаванд, боиси он гардида буд, ки солҳои зиёд олимони ин соҳа унвони илмии дотсент ва профессориро аз КОА гирифта наметавонистанд ва ин омил барои рушди илми ватанӣ дар соҳаи рӯзноманигорӣ монеа эҷод мекард.
Бо инобати ин махсусият, бо дастури хосаи раиси Комиссия Абдулҳаким Розиқзода омӯзиши ҳуҷҷатҳои аввалияи самт ташкил гардида, бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионӣ аз 23 феврали соли 2023, №03 ба Феҳристи ихтисосҳое, ки аз рӯйи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонҳои илмӣ дода мешаванд, тағйироту иловаҳо ворид гардида, ихтисоси “Рӯзноманигорӣ” (рамзи 10.01.10) ҳамчун ихтисоси нав ба Феҳрист шомил карда шуд.
Инак, нахустин унвони профессорӣ аз “ВАК”-и миллӣ (ихтисоси “Рӯзноманигорӣ”) ба Муқимов Муҳамадӣ Аминович дода шуд.
Муқимов Муҳамадӣ Аминович 7 феврали соли 1961 таваллуд шуда, доктори илмҳои филология, профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд. Зиёда аз 25 сол собиқаи кории илмӣ-омўзгорӣ доранд. Дар факултет курсҳои лексионии “Васоити ахбори оммаи муосири хориҷӣ”, “Журналистикаи чандрасонаӣ”, “Мусоҳиба ва техникаи таҳияи он”, “Проблемаҳои актуалии журналистикаи муосир”, “Менеҷменти лоиҳаҳои интернетӣ”, “Буҷаи давлатӣ ва журналистика” ва дигар дарсҳои интихобиро таълим медиҳанд.
Таҳти роҳбариашон то имрӯз 9 нафар рисолаҳои номзадӣ ҳимоя кардаанд. Барои хизматҳои шоён ва бисёрсолаи бенуқсон бо нишону унвонҳои ифтихорию давлатӣ, аз ҷумла нишонҳои “Аз мардуми миннатпазири Афғонистон” (1984), “70-солагии Артиши Шуравӣ” (1988), медали “Иштирокчии амалиёти ҷангӣ” (2014), Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010), Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020), барандаи мукофоти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2022) ва ғайра қадршиносӣ шудаанд.
Мавсуф муаллифи беш аз 100 корҳои нашргардида, аз ҷумла, 13 кори таълимӣ-методӣ ва 90 маводи илмӣ ҳастанд.